Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – «Овози Самарқанд» аз 1-уми январи соли 1990 ин ҷониб нашр мегардад.

Имрӯзҳо дар таҳририяти рӯзнома 14 нафар корманди эҷодӣ ва техникӣ фаъолият доранд.

Сармуҳаррири рӯзнома доктори фалсафа доир ба фанҳои фалсафа Баҳодур Раҳмонов мебошад. 

 

Таърихи мухтасар:

Аз соли 1990 ба рӯзнома журналист ва нависанда Нор Остонзода сармуҳаррирӣ кардааст. Ӯ дар давоми фаъолияти ҳафтсолаи худ барои аз лиҳози мазмун беҳтар гардидани рӯзнома ва ташаккули муҳити адабии эҷодӣ саҳмгузорӣ намудааст.

Дар саҳифаҳи рӯзнома мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии олимони шинохта, нависандагон, омӯзгорони ботаҷриба ва баромадҳои намояндагони касбу кори гуногун нашр гардидаанд, ки ин анъана то ҳол давом дорад.

Дар ташкил гардидан ва дар байни воситаҳои ахбори оммавии вилоят соҳиби мавқеи ба худ хос шудани “Овози Самарқанд” меҳнати рӯзноманигорони боистеъдод Нор Остонзода, Ғафурҷон Махмудов, Хурсанд Ҷумъаев, Ҳазрат Сабоҳӣ, Адаш Истад, Шавкат Баҳромов, Тошқул Азимов, Бахтиёр Ҷумъа ва дигарон калон аст.

Соли 1994 дар назди идораи рӯзнома “Мактаби эҷодкорони ҷавон” таъсис ёфт.

Соли 1995 театр-студияи «Овози Самарқанд» нахустнамоишҳои бадеии худро дар Театри давлатии лӯхтаки Самарқанд пешкаши тамошобинон намуд.

Аз моҳи октябри соли 1997 ба рӯзнома номзади фанҳои филологӣ, олими адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов сармуҳаррир таъин гардид. Хислатҳои корчаллонӣ ва тадбиркории ӯ барои беҳгардии вазъи иқтисодии рӯзнома ва афзудани шумораи муштариёни он хизмат кард.

Соли 2000 дар асоси қарори ҳокими вилоят ҷашни 10-солагии рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо тантана таҷлил гашт.

Соли 2004 ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар мусобиқаи вилоятӣ аз рӯйи футбол байни кормандони воситаҳои ахбори умум ҷойи аввалро соҳиб шуд.

 

 

Соли 2010 “Овози Самарқанд” дар андозаи А-2 саҳифабандӣ гардида, ранга нашр шуд. аз ҳамин сана рӯзнома ба формати нав гузашт.

Аз 1-уми марти соли 2011 то соли 2016 ба рӯзнома Озодҷон Хидиров (Ҳамидзода) сармуҳаррирӣ намуд.

Соли 2011 ба шарафи ҷашни 20-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон бо ташаббуси «Овози Самарқанд» осори адибони ҷавони тоҷик – китоби «Армуғони Самарқанд» чоп гардид.

Аз соли 2015 ин ҷониб бо ташаббуси фаъолони вилоят рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳафтае ду маротиба нашр мешавад.

Соли 2018 аз ҷониби ҳайъати таҳрири «Китобхонаи «Овози Самарқанд» китоби “Саодати дӯстӣ”, ки аз намунаҳои тарҷумаи шеъри замонавии ӯзбек иборат аст, нашр гардид.

***

Имрӯзҳо муштариёни рӯзнома хабар ва мақолаҳоеро, ки аз ҷониби рӯзноманигорони ботаҷриба Нусрат Раҳмат, Бахтиёр Ҷумъаев, Тошқул Азимзода, Раҳматулло Шарифзода, Ҷамшед Обидов, Фозил Шукуров, Дилрабо Насимова, Фаридуни Фарҳодзод, Малика Ҷумъазода ва дигарон тайёр карда шудаанд, мутолиа мекунанд.

Бояд гуфт, ки “Овози Самарқанд” ба минбари тарбияи маънавияти ҷавонон табдил ёфта, дар он мақолаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии вилоят, ки одамро ба мулоҳиза намудан, бедорфикрӣ водор месозанд, нашр мегардад.

Рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар асоси шерикии иҷтимоӣ дар бобати такмили ихтисоси рӯзноманигорон, ёрӣ расонидан ба собиқадорони соҳа ва кормандони ниёзманд, дастгирии журналистони ҷавон, нашри китобҳои аввалини онҳо корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, дар давоми соли охир барои беш аз 100 нафар фахриён ва ниёзмандон дар асоси сарпарастӣ рӯзномаҳо бепул дода шуд. Инчунин, дар бобати беҳсозии ҳолати моддӣ-техникии таҳририят корҳои зиёд иҷро шуда, онҳо бо технологияҳои компютерӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.   Бо мақсади дастгирии сиёсати оқилонаи Президенти мамлакатамон, тарғиб намудани он, сари вақт ба мардум расонидани корҳои таърихие, ки дар вилоят амалӣ мегарданд, инъикос намудани қарор ва фармонҳои муҳиме, ки барои ояндаи дурахшони Ватан ва беҳсозии рӯзгори мардум иҷро мешаванд, ошкора ва холисона баён намудани камбудӣ ва нуқсонҳои ҷамъият як қатор лоиҳаҳои махсус ва корҳо амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, таҳти рукнҳои “Муносибат”, “Баёзи дӯстӣ” мақолаҳои гуногун оиди корҳое, ки дар мамлакатамон амалӣ мегарданд, ташаббус ва пешниҳодҳои мардум, маводҳои тарғибкунандаи ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва дилвасеъгӣ нашр мегарданд.

Имрӯз дар саҳифаҳои рӯзнома “Қабулхонаи халқ”, “Шукрона”, “Омӯзгор”, “Зангўла”, “Мадади Сино”, “Ҳусноро”, “Гулбоғи адаб”, “Ҷавонӣ” барин саҳифаҳои махсус нашр мегарданд.

Саҳифаи иҷтимоии рӯзномаи “Овози Самарқанд” http://ovozisamarqand.uz  соли 2017 ташкил карда шуд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии фейсбук, телеграм саҳифаҳи рӯзнома фаъолият дорад.

Соли 2012 дар назди рӯзномаи “Овози Самарқанд” “Мактаби маҳорати журналистони ҷавон” аз нав ташкил карда шуд.

Соли 2018 ба 12 нафар ҷавонон оиди соҳа донишҳои назарӣ ва амалӣ дода шуд.

Дастовардҳои эҷодии солҳои Истиқлол:

Соли 2018 рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” дар озмуни байналхалқӣ барои ҷоизаи XIII миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») иштирок карда, аз рӯйи равияи “Беҳтарин материали журналистӣ дар матбуоти даврӣ” барои саҳми арзанда инъикос намудани ислоҳотҳое, ки дар соҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд ва тарғиби дӯстиву ҳамҷиҳатии миллатҳо ҷойи сеюмро ба даст овард ва соҳиби ҷоиза гардид.

Ғайр аз ин, рӯзноманигорони рӯзнома Тошқул Азимов, Бахтиёр Ҷумъаев, Баҳодур Раҳмонов, Дилрабо Насимоваҳо бо диплом ва ифтихорномаҳои “Журналисти аз ҳама фаъол ва боиқтидори сол” сарфароз гардидаанд.

Кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба таври мунтазам дар озмуни  “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз” иштирок карда, ҷойҳои фахриро сазовор мегарданд. Аз ҷумла, соли 2018 дар ин озмун аз рӯйи равияи “Асарҳои бадеии шоиру нависандагон  барои китоби “Саодати дӯстӣ” ҷойи дуввумро ба даст овард.