Маҳсулоти хӯрокворие, ки фурӯшаш манъ аст

Маҳсулоти хӯрокворие, ки фурӯшаш манъ аст

Вақтҳои охир оиди хабарҳои нохуше, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз хӯроквориҳо ба миён меоянд, бештар мешунавем. Ин гуна ҳолатҳои ногувор дар муассисаҳои таълимӣ низ ба назар мерасанд.
Фурӯши кадом навъи хӯроквориҳо дар ошхонаи мактабҳо манъ аст?
Мувофиқи қарори сардухтури Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 18-уми сентябри соли 2010 «Дар бораи таъмини ташкил намудани бехавфии хӯрокворӣ дар литсейҳои академӣ, коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ ва мактабҳои таълими умумии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фурӯхтани гамбургер, чизбургер, хот-дог, сосискаву колбаса дар булочка, чипс, кириешка, хрустяшка, сақич, нӯшокиҳои ранга аз қабили кока-кола, фанта манъ карда шудааст. Инчунин, фурӯши маҳсулоти хӯроквориҳои муддати истеъмолиашон гузашта, хӯроки як рӯз пеш пухташуда ва боқимондаҳои онҳо, гӯшту моҳии аз назорати ветеринария нагузашта, тамоми хӯроквориҳое, ки дар шароити хона тайёр карда шудаанд, шир ва маҳсулоти ширии пастеризатсия накарда мумкин нест.
Ҳангоми дар ошхонаҳои мактаб­ҳо шудан ба ҳамин гувоҳ гардидем, ки дар аксари ошхонаҳо баъзе хелҳои маҳсулоти зикршуда низ фурӯхта мешаванд.
Ҳангоми азназаргузаронии мактабҳои рақамҳои 30, 35, 37, 22, 5, 3, 52 ва 45-и шаҳри Самарқанд маълум гашт, ки дар мактабҳои рақамҳои 30 ва 8 таъмири капиталӣ мераваду ҷамоаи ин мактаб­ҳо дар мактабҳои дигар фаъолият доранд. Дарҳои ошхонаи мактабҳои рақамҳои 3, 5 ва 45 қулф буданд. Дар ошхонаи мактабҳои рақами 35, 37, 52 чипс, три корочки, сақич, хрустяшка, нӯшокиҳои рангаро бемалол мефурӯхтаанд. Дар яхдонҳои ошхонаҳо хӯрокҳои шабмонда ё ин ки майонез барин маҳсулоти зудвайроншавандаро надидем.
Ҳудуди мактаби рақами 5 назар ба ҳудуди дигар мактабҳо калонтар аст. Соат аз 16:00 гузашта буду мо дари ошхонаи мактабро баста дидем. Назарамон ба хонандаҳое, ки дар даст хрустяшкаву три корочки ва ғайра доштанд, афтод. Маълум шуд, ки бачаҳо ин чизҳоро аз мағозаи молҳои омехта, ки дар канори ҳудуди мактаб бунёд гардидаасту як дари даромадаш ба кӯчаи маҳалла ва дари дигараш ба мактаб аст, мехаранд. Дар ин мағоза, ки мудираш Фариз Саидҷонова аст, чипсу хрус­тяшка, три корочкаву сақич, қурут, нӯшокиҳои ранга мефурӯхтанд. Дар ин ҷо ба мактаббачаҳо ҳатто бо оби дар ускунаи обҷӯшонӣ ҷӯшондашуда қаҳваи «3 в одном»-ро дам карда медоданд, ки фурӯшаш дар ҳудуди мактаб манъ аст.
Фурӯши хот-дог дар дӯкончаи назди дарвозаи мактаб
Вақте ки ба дарвозаи мактаби рақами 45 наздик шудем, диққатамонро дӯкончаи хӯроквории наз­ди дарвозаи мактаб (25-30 метр) ба худ ҷалб намуд. Дар тирезаи он нархи хот-дог навишта шудааст. Хонандаҳои зиёди мактаби мазкур аз маҳсулоти дӯкон харид мекарданд. Яке аз фурӯшандаҳо хот-док тайёр мекарду ду нафар чипсу хрустяшка, сақич, нӯшокиҳои ранга ва ғайраро мефурӯхтанд. Мудири ин дӯкон Умеда Амриева будааст. Чунин дӯкончаҳо аз мактаб дар масофаи 200 метр дурӣ фаъолият нишон доданашон лозим…
Дар ошхонаи мактаби рақами 22 маҳсулоти фурӯшаш манъшударо наёфта, каме мамнун шудем.

Ман бо он маҳсулоте, ки фурӯшаш манъ аст, савдо намекунам. Ба хубӣ мефаҳмам, ки истеъмоли онҳо ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ мерасонад, — гуфт ошпази ошхонаи ҶММ «Самарқанд файз савдо» Зебо Хоҷаева. – Худам 4 нафар фарзанд дорам. Эҳтиёҷи хӯрандагонро ба ҳисоб гирифта, бичаку перожкиҳои гӯштину картошкагин, таомҳои тифтел, лағмон, тухмбирён мепазам. Агар хӯрданиҳо ба фурӯш нараванд, рӯзи дигар намефурӯшам, ба хонаам мебарам…

Ҷамшед ОБИДОВ,
Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.