Самарқанд мизбони «Спартакиадаи дӯстӣ»

Самарқанд мизбони «Спартакиадаи дӯстӣ»

Дар шаҳри Самарқанд байни ходимони шӯроҳои ҳудудӣ ва маҳаллии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ташкилотҳои ибтидоӣ ва сарварони он аз рӯйи намудҳои мини футбол ва волейболи варзиш зинаи ҷумҳуриятии мусобиқаи «Спартакиадаи дӯстӣ» шуда гузашт. Ҷамоаҳои вилоятҳо барои ба даст овардани ғалаба маҳораташонро нишон доданд.
Дар мусобиқаи волейболи байни духтарон ҷамоаи вилояти Намангон ҷойи якум, ҷамоаи вилояти Сирдарё ҷойи дуюм ва ҷамоаи Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Бозиҳои мини футбол байни писарон пурзавқ гузашт. Ҷамоаи вилояти Сурхондарё ҷойи аввалро гирифта бошад, ҷойҳои дуюму сеюм ба ҷамоаҳои вилоятҳои Намангон ва Тошканд насиб кард.
Маросими тақдирнамоии ғолибони мусобиқа дар Маркази ҷавонони вилоят баргузор гардид. Ба ҷамоаҳои ғолиб ҷомҳо супурда шуд.
Иштирокдорони спартакиада ҷойҳои сазовори диққати шаҳрро тамошо карданд.

Ҷамшеди АСРОР.