Қарори шӯрои намояндагони халқи вилоят

Дар бораи чораҳои дар шаҳри Самарқанд ҷорӣ намудани сохтори нав доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди он

Шӯрои намояндагони халқи вилоят қайд мекунад, ки дар натиҷаи тадбирҳои идораҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ҳамкорӣ бо идораҳои давлатӣ ва ҷамоатчигии васеъ гузаронда, дар таъмини тартиботи ҷамоатӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ натиҷаҳои маълумро ба даст оварданд.
Дар 8 моҳи соли 2018 дар соҳаҳои гуногун 3010 ҷиноят қайд гардида, нисбати ҳамин даври соли гузашта 1769 (4779)-то, ҷиноятҳои хеле вазнин 157 – то қайд гардида, 48 (205)-то, ҷиноятҳои вазнин 404 – то қайд гардида, 146 (550)-то кам шудаанд.
Баробари ҳамин аз 1086 ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла дар 723 – тояш ё ки 66, 5 фоизаш ҷиноятҳо рӯй додаанд. Ғайр аз ин, дар 201 маҳалла (18,5 фоиз) нисбати ҳамин даври соли гузашта бештар ҷиноят содир кардаанд. Ба ҷони худ қасд кардани шаҳрвандон 289 – то қайд шуда, 4 (293)-то кам гардидааст.
Мувофиқи талаботи ҷамъомади видеоселекторие, ки 27-уми июли соли 2018 зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев гузаронида шуд, сохтори нави пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди он, ки фаъолияташ дар шаҳри Тошканд оғоз ёфт, дар шаҳри Самарқанд низ ҷорӣ карда, бар асоси ҳамкории наздики идораҳои давлатӣ ва институтҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ ҷорӣ намудани сохтори сифатан нави ҳифзи тартиботи ҷамоатӣ, профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, амалӣ намудани чораҳои таъмини ҳифзи бовариноки ҳуқуқу тартибот ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон, амалӣ намудани манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мувофиқи мақсад ба шумор меравад.
Мувофиқи сохтори нави “Ҳақиқат ва адолати мубориза бар зидди ҷиноят” аз тарафи идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, маҳалла ва ташкилотҳои ҷамоатӣ сабаб ва оқибатҳои ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳое, ки содир карда шудаанд, омӯхта, муҳокимааш ташкил карда мешаванд, шахсони айбдоре, ки ҷиноят содир кардаанд, муайян гардида, нисбати онҳо устувории қонун, муқаррарии ҷазо таъмин карда мешавад, чораҳои муайяне, ки ба такрор намудани чунин ҳолатҳо нигаронида шудаанд, амалӣ мегардад ва воситаҳои ахбори оммавӣ тафсилоти ҷинояткорӣ, моҳияти асосии онҳоро ба эътибори аҳолӣ мерасонад.
Шӯрои намояндагони халқи вилоят бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамоатӣ, профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва бар асоси моддаи 24-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ” қарор мекунад:

1. Ахбори сардори Садорати корҳои дохилии вилоят А.Тошпӯлодов дар бораи чораҳои дар шаҳри Самарқанд ҷорӣ намудани сохтори наве, ки дар шаҳри Тошканд мувофиқи талаботи ҷамъомади видеоселектори 27 – уми июли соли 2018 зери роҳбарии Ш.М.Мирзиёев гузашта, ҷорӣ карда шудааст, барои маълумот қабул карда шавад.
2. 28-уми сентябри соли 2018 қабул карда шудани фармоиши муштараки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва ҳокими вилояти Самарқанд “Дар бораи муайян намудани вазифаҳои ҳамкорӣ оиди таъмин намудани тартиботи ҷамоатӣ, профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар шаҳри Самарқанд” таҳти рақами ҚМ – 102 ба инобат гирифта шавад.
3. Ба прокурори вилоят (Ф.Зуфаров), Садорати корҳои дохилии вилоят (А.Тош­пўлодов), роҳбарони секторҳои шаҳри Самарқанд (Ф.Раҳимов, Б.Облоқулов, А.Ҳусенов, Ш.Ҳасанов):
дар шаҳри Самарқанд дар амал татбиқ кардани консепсияи “Шаҳри бехавф”, дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкории наздики суд­ҳо, органҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатии маҳаллӣ, мувофиқгардонии фаъолияти ахборӣ-таҳлилӣ ва ташкил намудани назорати сохторӣ;
ташкил намудани мувофиқгардонии қувваҳои таъмини тартиби ҷамоатӣ ва таъмини ташкилӣ-услубии марказҳои алоқаи мобилӣ, ҷараёни ивазнамоии зудамали ахбор;
аз тарафи органҳои давлатӣ ва муассисаҳои онҳо мувофиқгардонии сохтори ба таври васеъ, сари вақт ва бо сифат амалӣ намудани консепсияи “Шаҳри бехавф”;
мувофиқи сохтори наве, ки “Ҳақиқат ва адолати мубориза ба муқобили ҷиноят” ном дорад, ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ, маҳалла ва тамоми ташкилотҳои ҷамоатӣ дар ҷойи худ омӯхтани сабаб ва оқибатҳои ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ташкили муҳокимаи онҳо, муайян намудани шахсоне, ки кори ҷиноӣ содир кардаанд, таъмини устувории қонун ва муқаррарии ҷазо, нисбати онҳо бо мақсади пешгирии такроран рӯй додани чунин ҳолатҳо амалӣ намудани чораву тадбирҳои аниқ, инчунин, вазифаи тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ ба мардум расонидани тафсилоти корҳои ҷиноӣ ва моҳияти он супорида шавад.
4. Ба Садорати корҳои дохилии вилоят (А.Тошпўлодов):
дар афзунсозӣ ва ривоҷдиҳии самаранокӣ ва тезкорӣ дар масъалаҳои бехавфии ҷамоатӣ ва ҳуқуқу тартибот, ташаккул додани сохтори пурсамари ивазнамоии ахбор байни органҳои давлатӣ ва муассисаҳои онҳо;
муайян намудани чораву тадбирҳо доир ба сохторҳои ахборӣ, видеоназоратӣ, қайд кардани ҳолатҳои вайроншавии қонун, объектҳои посбонӣ, чорабинӣ ба таҳдидҳое, ки рух доданашон мумкин аст ва сохтори огоҳ намудани мақомоти корҳои дохилӣ, органҳои давлатӣ ва муассисаҳои онҳо, инчунин, пешгирии ҳаракатҳои ноқонунӣ;
бо мақсади сари вақт пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва барҳам додани онҳо чораҳои ба ҷойе, ки ҳодиса рӯй додааст ё ки хабар омадааст, бо суръати максималӣ рафтани шӯъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ, дар навбати аввал гурӯҳҳои патрули қувваҳои таъмини тартиби ҷамоатӣ таъмин карда шавад.
5. Ба Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд шунидани ҳисобот ва аз назар гузаронидани масъалаҳои ҷавобгарии идораҳои масъул ва роҳбарони муассисаҳои онҳо доир ба амалӣ намудани консепсияи “Шаҳри бехавф” тавсия карда шавад.
6. Ба гурӯҳи ахборӣ-таҳлилии ҳокимияти вилоят (Ў.Ҳамроқулов) вазифаи дар газетаҳои “Зарафшон”, “Самаркандский вестник”, “Овози Самарқанд” ва веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят ҷойгир кардани ин қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят супорида шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимӣ доир ба масъалаҳои қонунмандӣ, ҳуқуқу тартибот ва таъмини бехавфии шаҳрвандони Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузошта шавад.

Раиси Шӯрои вилоят Э.ТУРДИМОВ
17-уми октябри соли 2018