Тартибҳои нав дар фурӯши замин

Тартибҳои нав дар фурӯши замин

Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба содда намудани тартиби фурӯхтани объектҳои мулки давлатӣ ва ҳуқуқи соҳибияти қитъаҳои замин ба субъектҳои тадбиркорӣ” қабул гардид. Дар бораи ин шабакаи ахбори ҳуқуқӣ хабар дод.
Мувофиқи фармон то 1-уми апрели соли 2019 оиди содда намудани тартиби фурӯхтани объектҳои мулки давлатӣ ва ҳуқуқи соҳибияти қитъаҳои замин эксперимент гузаронида мешавад.
Дар доираи эксперимент ба раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва ҳокимони вилоятҳо ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

тавассути ауксиони электронӣ бо нархи ибтидоии баробари қимати 1 сӯм (ҳар як қадами минбаъда 1 млн. сӯм) фурӯхтани объектҳои давлатии бекорхобида;

бо роҳи гузоштани маҷбуриятҳои инвеститсионӣ (бо эквиваленти на кам аз 1 млн. доллари амрикоӣ) ва иҷтимоӣ ба ауксион нагузаронида фурӯхтани заминҳо ва объектҳои давлатии бекор;

ҳуқуқи истифодаи заминеро, ки майдонҳои киштнашаванда ҳисоб мешаванд (ба муддати 50 сол), бо роҳи гузоштани маҷбуриятҳои инвеститсионӣ (бо эквиваленти на кам аз 1 млн. доллари амрикоӣ) ва иҷтимоӣ фурӯхтан;

ҳар гуна заминеро, ки ба роҳҳои нақлиёт пайвастанд, барои сохтани объектҳои инфрасохтори туризм бо ауксиони электронӣ фурӯхтан;

Маблағҳое, ки аз ҳисоби фурӯши замин ба даст меоянд, ба соҳаи иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ равона карда мешаванд.