Муштзанҳо қувва озмуданд

Муштзанҳо қувва озмуданд

Дар ноҳияи Каттақӯрғон бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия, шӯъбаи ноҳиявии садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон байни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 аз рӯйи намуди бокси варзиш мусобиқаи байналхалқӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқа аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, ҳашт вилояти мамлакатамон ва Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон беш аз 250 нафар муштзанҳо аз рӯйи 16 тоифаи вазн қувва озмуданд.
Дар мусобиқа, ки ду рӯз давом кард, ҳамватанонамон Й.Маҳкамов (дар вазни 44 кг.), У.Асрорқулов (46 кг.), С.Мамасолиев (48 кг.), А.Тошбоев (57 кг.), А.Тоҷиев (60 кг.), Ш.Ҳасанов (70 кг.), М.Аҳмедов (75 кг.) ва Б.Муродов (80 кг.) ғолиб гардиданд.
Инчунин, дар доираи “Ҳафтаи варзиш” дар ҳудудҳои дурдасти ноҳия мусобиқаҳои футбол, волейбол ва баскетбол гузаронида шуд.
Ғолиб ва иштироккунандагони фаъол бо диплом, тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида шуданд.

Хизмати матбуоти Шӯрои вилоятии
Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон.