Иҷрои қарорҳои Президент – зери назорати прокуратура

Иҷрои қарорҳои Президент – зери назорати прокуратура

Таъмини иҷрои саривақтии супоришҳое, ки дар ҳуҷҷатҳо (фармон, қарор, фармойиш ва баённомаҳо)-и аз ҷониби Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон имзо гардида муайян шудаанд, аз тарафи прокуратураи вилоят ба назорати алоҳида гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар 337 ҳуҷҷати меъёрӣ, ки аз ҷониби роҳбари давлатамон қабул гардидаанд, 2111 супориш ба вилояти Самарқанд тааллуқ дошта, то ин муддат аз онҳо иҷрои 1445-тоаш таъмин шуда, 648-тоаш амалӣ мегардад.
628 супориши аз 397 банд иборатбуда, ки дар давоми ташрифи Президентамон дар рӯзҳои 17-18-уми марти соли 2017 ба вилоятамон нишон дода шуда, дар ҳолати 1-уми ноябри соли 2018 аз 419 супориши муддати иҷрояш фарорасида, 409-тоаш иҷро гардидааст.
Оид ба супоришҳои муддати иҷрояшон наздикомада ба роҳбарони мутасаддии ташкилот ва муассисаҳо чораҳои фиристодани доимии хатҳои ёддоштӣ ва огоҳӣ, афзудани масъулияти онҳо дида мешавад.
Дар ҷараёни ёрии амалии бевоситаи аз ҷониби прокуратураи вилоят нишондодашуда, дар таъмири хонаву ҷойҳои бисёрошёна 2 миллиард сӯм, ташкили муассисаҳои таълими томактабии шакли шарикии давлативу хусусӣ 3,05 миллиард сӯм маблағҳои имтиёзноки кредит ва майдонҳои замин ҷудо карда, ёрӣ расонда шуд.
Ба барномаи инвеститсияи соли 2018 даровардани таъмири хонаҳои интернати таъмирталаби “Саховат” ва “Мурувват” таъмин карда шуд.
Лоиҳаҳои тиҷоратии зиёд ба шабакаҳои коммуникатсия васл гардид ва бо мақсади сари вақт ба кор даровардани объектҳо аз ҷониби корхонаҳои соҳаи коммуналӣ дар бораи расондани хизмати васлкунии сохтор, тартиби фиристодани номаҳои таклифӣ ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади иҷрои супоришҳо ба шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Булунғур, Ҷомбой, Ургут, Тайлоқ, Самарқанд, Оқдарё, Иштихон, Пайариқи вилоят рафта, ёрии амалӣ расонда шуд. Дар натиҷа, ба ширкати хусусии мулкдорони хонаву ҷойи “Боғишамол”-и ноҳияи Ургут 263 миллион сӯм, ба муассисаҳои таълими томакатабии “Марҳабо Ҷӯшқин” ва “Билағон”-и ноҳияи Булунғур 650 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Дар кӯчаи Фозил Йӯлдоши ноҳияи Булунғур 700 метр, кӯчаи Дӯстлики ноҳия 291 метр роҳ асфалтпӯш гардид, аз филиали вилоятии “Ӯзтрансгаз” ба 350 нафар шаҳрванд баллонҳои гази моеъ расонда шуд, дигар тадбирҳо амалӣ гардида, иҷрои 10 супориши ба баёнҳои ташриф даровардашуда оиди ба кор даровардани қувватҳои нави коркард, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, реконструксияи роҳҳои автомобилгард, муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шуд.
Вале, баъзан дар натиҷаи ба иҷрои саривақтӣ ва сифатноки вазифаҳои ба худашон вогузоршуда беэътиборона нигаристани шахсони мансабдор ва мутахассисони масъул, ба вайроншавии интизоми иҷро ва дер амалишавии тадбирҳои дар нақшабуда роҳ дода шудааст.
Масалан, дар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 29-уми марти соли 2018, таъмири 53 километр роҳи ба маҳаллаҳо пайвастбуда, ки ба барномаи “Қишлоқи обод” дохил гардидааст, бояд то 1-уми октябри соли ҷорӣ ба анҷом мерасид. Аммо дар натиҷаи ба иҷрои супориши мазкур бемасъулиятона, аз паси панҷа нигоҳ кардани роҳбарони корхонаҳои унитарии истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Самарқанд, Ургут, Нарпай, Пахтачӣ, Каттақӯрғон, Қӯшработ ва Иштихон корҳои муайянгардида дар муддаташ иҷро нашуд. Дар натиҷа, нисбати онҳо парвандаҳои ҷавобгарии интизомӣ кушода шуд.
Барои ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои Президентро дар вақташ иҷро накардан 5 нафар ҳоким ва ҷонишинони онҳо, инчунин, роҳбару ходимони масъули садоратҳои хизматрасонии коммуналии хонаву ҷой, таълими томактабӣ, “Ӯзбекэнерго”, “Сувоқова”, таъмини шуғли аҳолӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва хоҷагии ҷангал, шӯъбаҳои ҳудудии вилоятӣ ва ноҳиявии бонкҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияи ҳунармандон, шабакаи ирригатсия, ҳамагӣ 58 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Дар бораи 17 нафарашон оиди роҳ додан ба қонуншиканӣ огоҳӣ эълон карда, дар бораи бартарафнамоии қонуншиканӣ, сабабҳои пайдошавии он ва шарту шароитҳои ба он имкониятдиҳанда ба ҳокими вилоят тақдимнома ворид карда шуд.
Дар ҳамин маврид ба баъзе шахсони мансабдор ёдовар шудани Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 5-уми октябри соли 2018 “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам мустаҳкамсозии интизоми иҷро дар органҳо ва ташкилоти давлатӣ”-ро ҷоиз мешуморем. Тибқи қарори мазкур, ба органҳои Прокуратураи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таъмини назорати дахлдори прокурорӣ аз рӯйи иҷрои самараноки қарору супоришҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, органҳои ҳокимияти иҷрои маҳаллӣ ва ташкилотҳои дигар, инчунин, дар ҳолати пурра амалӣ нагардидани он, дидани чораҳои ҷавобгарии қатъӣ нисбати шахсоне, ки онро дер иҷро кардаанд, нишон дода шудааст.

М.БАҲРИДДИНОВ,
сардори шӯъбаи прокуратураи вилоят.