Мусобиқаҳои варзишии сезинагӣ минбаъд дигар хел мегузарад

Мусобиқаҳои варзишии сезинагӣ минбаъд дигар хел мегузарад

Мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 25-уми октябри соли 2018 «Дар бораи боз ҳам такмил додани сохтори мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриятӣ, ки дар байни хонанда ва талаба — ҷавонон мегузарад» дар чор зина гузаронидани мусобиқаҳои варзишии «Умид ниҳоллари» — «Ниҳолҳои умед» , «Баркамол авлод» — «Авлоди баркамол», «Универсиада» муайян гардид.
Мусобиқаи варзишии сезинагии мазкур бо кадом тартиб гузаронида мешавад? Аз мусобиқаҳои солҳои пеш бо кадом ҷиҳат фарқ мекунад? Кадом намудҳои варзиш ҳамроҳ шуд? Бо ин ва дигар саволҳо ба сардори Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва спорти вилоят Шӯҳрат Рӯзиев муроҷиат кардем.
— Мусобиқаи варзишии «Ниҳолҳои умед» дар байни 7-18-солагон, яъне хонандаҳои мактабҳои таълими умумӣ ва литсейҳои академӣ гузаронида мешавад, — мегӯяд Ш.Рӯзиев. – Аз ҷумла, зинаи 1-ум дар моҳи сентябр шуда, аз рӯйи намудҳои варзиш бо ташкили ҷамоаҳои ҳар як синфу курсоғоз мегардад сипас, дар ҷамоаҳо дар моҳҳои сентябр-октябр дар байни ҷамоаҳои синфу курс зинаи муассисаҳои таълимии мусобиқа байни гузаронида шуда, аз ҷамоаҳои ғолиб аз рӯйи намудҳои варзиши ҷамоаи яккачин муассисаи таълимӣ ташкил мегардад.
Ба гузаронидани зинаи поёнии мусобиқа директори муассисаи таълимӣ ва шӯъбаи таълими халқи ноҳия, шаҳр, шӯъбаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш масъул мешаванд.
Зинаи 2-юм дар моҳи ноябр ташкил мегардад. Дар он байни ҷамоаҳои яккачини муассисаҳои таълим зинаҳои ноҳиявию шаҳрии мусобиқа гузаронида шуда, ҷамоаҳои ғолиб аниқ карда мешаванд, инчунин, аз рӯйи намудҳои варзишӣ ҷамоаи яккачин ташаккул меёбад.
Зинаи 3-юм дар моҳҳои март-апрел гузаронида мешавад. Дар он ҷамоаҳои яккачини ғолиби зинаи 2-юм қувва меозмоянд. Аз ҷамоаҳои ғолиб ҷамоаҳои яккачин аз рӯйи намудҳои варзиш ташкил мегардад.
Зинаи 4-ум дар моҳи май гузаронида мешавад. Байни ғолибони ҷамоаҳои яккачини зинаи 3-юм зинаи финалии ҷумҳуриятӣ баргузор мегардад ва ҷамоаи ғолиб аниқ мегардад.
Мусобиқаи варзишии «Авлоди баркамол» бо иштироки хонандаҳои 17-20-сола дар 4 зина гузаронида шуда, дар давоми сол зина ба зина аз рӯйи намудҳои варзишӣ гузаронида мешавад ва ғолибон муайян мегарданд.
Дар мусобиқаи варзишии «Универ­сиада» толибилмони 17-28-солаи зинаи бакалаври муассисаҳои таълими олӣ ва зинаи магистратура иштирок мекунанд. Дар ин мусобиқа низ ҷамоаҳои факултет ташкил меёбад ва ҷамоаҳои ғолиб дар сафи ҷамоаи яккачини вилоят ба зинаи ҷумҳуриятии мусобиқа меравад.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки дар се зина гузаронида мешавад, иштироккунандагон рӯйи 28 намуди варзиш қувваозмоӣ менамоянд.
Ба мусобиқаҳои варзишии сезинагӣ, ки ба тарзи анъанавӣ гузаронида мешавад, намудҳои мини – футбол, ушу, самбо, велоспорт, армрестлинг, санъати ҷанги ӯзбек, каратэ, гӯштии турон ва миёнбанд ва бадминтони варзиш ҳамроҳ гардид. Бо тафовут аз солҳои аввал мусобиқаҳои оянда бо зинаҳои поинӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриятӣ ҷамъбаст мегардад. Пеш ҷавонон аз зинаи минтақавӣ ҳам мегузаш­танд. Боз як ҷиҳати муҳимаш, гузаронидани бозиҳои финалии мусобиқа акнун ҳар сол дар вилоятҳо муайян гардид.
Соли 2019 дар Самарқанд зинаи финалии мусобиқаҳои «Авлоди баркамол» ва «Универсиада» аз рӯйи намудҳои футбол, гандбол, шиноварӣ ва тенниси рӯйимизӣ баргузор мегардад. Бо ин мақсад, варзишгоҳи «Динамо», толори варзишии литсейи академии назди ДДС, қасри варзишии шиноварии «Делфин», мактаби варзишии бачаҳо ва наврасони ба атлетикаи сабук ихтисосонидашуда тайёр карда мешавад.

Таснифи Ҳусан ЭЛТОЕВ.