ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚАРРАР КАРДАНИ РӮЗҲОИ ИЛОВАГИИ ҒАЙРИКОРӢ ДАР ДАВРАИ ҶАШНГИРИИ САНАҲОИ РАСМӢ ВА КӮЧОНДАНИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ ДАР СОЛИ 2019

Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои истироҳати пурмазмуни шаҳрвандон дар давраи ҷашн­гирии санаҳои расмӣ дар соли 2019, таъмини истифодаи оқилонаи рӯзҳои истироҳат ва ҷашн:
1. Дар соли 2019 рӯзҳои иловагии ғайрикории зерин муқаррар карда шаванд:
рӯзи чоршанбеи 2-юми январ;
рӯзи ҷумъаи 22-юми март;
рӯзи душанбеи 2-юми сентябр.
2. Дар соли 2019 рӯзҳои зерини истироҳатӣ кӯчонда шаванд:
рӯзи шанбеи 5-уми январ ба рӯзи панҷшанбеи 3-юми январ;
рӯзи шанбеи 1-уми июн ба рӯзи панҷшанбеи 6-уми июн;
рӯзи шанбеи 7-уми сентябр ба рӯзи сешанбеи 3-юми сентябр;
рӯзи шанбеи 28-уми декабр ба рӯзи сешанбеи 31-уми декабр.
3. Муайян карда шавад, ки:
дар ташкилотҳои буҷавӣ мувофиқи боби 1-уми Фармони мазкур муқаррар шудааст, ки рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ аз ҳисоби кам кардани давомияти мураххасии ҳарсолаи меҳнатии кормандон ба муддати се рӯзи корӣ, ҳангоми муайян кардани миқдори музди миёнаи меҳнат, ки дар давраи мураххасии ҳарсолаи меҳнатӣ нигоҳ дошта мешавад, бо дарназардошти идомати амалии мураххасии меҳнатӣ бо ба он илова кардани миқдори рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ, ки дар Фармони мазкур муқаррар шудааст, сарпур карда мешавад;
дар ташкилотҳои ғайрибуҷавӣ рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ мувофиқи боби 1-уми Фармони мазкур, баробари рӯзҳои дигари иловагӣ ба мураххасии меҳнатӣ, бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва мувофиқи шартномаҳои ҷамоавӣ ё худ ҳуҷҷатҳои дигари локали нормативие, ки кордиҳандагон бинобар ризоият бо кумитаҳои иттифоқҳои касаба қабул кардаанд, муқаррар карда мешаванд.
4. Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба инкишофи сайёҳӣ супурда шавад, ки якҷо бо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ва Ширкати саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои сокинони ҷумҳурият хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ва истироҳати хуб­ро бо назардошти дароз кардани рӯзҳои ҷашнӣ (ғайрикорӣ) ва пешниҳоди гузариш ва иқдомҳо барои хидматҳои нақлиётӣ ва меҳмонхонавӣ ташкил диҳанд.
5. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо супурда шавад, ки:
бобати ба роҳ мондани истироҳати хубу муфиди аҳолӣ дар рӯзҳои дарозшудаи ҷашнӣ (ғайрикорӣ) чораҳои мунтазам андешанд;
якҷо бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба инкишофи сайёҳӣ ва Ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон корҳои бо маълумоти васеъ таъмин кардани аҳолиро бобати чорабиниҳое, ки дар рӯзҳои истироҳат баргузор мегарданд, таъмин намоянд.
6. Ба Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон (Қ.Рафиқов) тавсия дода шавад, ки:
дар байни ҷамоаҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар бораи мақсадҳо, мазмуну моҳияти Фармони мазкур ба роҳ монад;
кори ташкилоти иттифоқҳои касабаро бобати таъмин сохтани ташкили истироҳати хуби кормандон ва аъзои оилаҳои онҳо дар давраи рӯзҳои дарозкардашудаи ҷашнӣ фаъол кунад.
9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурияти
Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри Тошканд,
12-уми ноябри соли 2018.