Маҳбусон бо таълими масофавӣ илм меомӯзанд

Маҳбусон бо таълими масофавӣ илм меомӯзанд

Стандартҳои байналхалқии замонавӣ ва таҷрибаи пешқадами хориҷиро ба инобат гирифта, инчунин, мувофиқи Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори ривоҷдиҳии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, бо мақсади таҳияи самтҳои устувори навини такмилдиҳии қонунмандии ҷиноят ва ҷиноят-протсессуалӣ ва дар амал татбиқ намудани он Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои такмилдиҳии қонунмандии иҷроияи ҷиноят” қабул гардид.
Бо қарор самтҳои устувори боз ҳам такмил додани базаи ҳуқуқӣ-нормативии соҳаи таъмини иҷрои ҷазоҳои ҷиноӣ муқаррар карда шуд.
Мувофиқи қарор аз 1-уми январи соли 2019 дар заминаи Садорати назорати иҷрои ҷазоҳои бо аз озодӣ маҳрум кардан новобастаи Сарсадорати профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо Хизмати пробатсияи назди Сарсадорати иҷрои ҷазо ташкил карда мешавад. Чун вазифаҳои асосии шӯъбаҳои пробатсия назорати мутаассир аз болои хулқу атвори шахсоне, ки шартан ҳукм ва шартан озод карда шудаанд, муқаррар карда шуд.
Аз соли хониши 2019-2020 дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳсил аз рӯйи ихтисоси “Фаъолияти иҷрои ҷазоҳои ҷиноӣ” ҷорӣ карда мешавад.
Инчунин, дар асоси қарор Консепсияи такмилдиҳии қонунмандии иҷроияи ҷинояти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.
Дар консепсия ба масъалаҳои аз нав дида баромадан ва мувофиқгардонии қонунмандии иҷроияи ҷиноят ба стандартҳои байналхалқӣ, ҷорӣ намудани дар камерахона нигоҳдории маҳбусон, инчунин, омодасозии касбии шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, эътибори алоҳида дода шудааст.
Ғайр аз ин, дар консепсия барои шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ҷорӣ намудани таълими масофавӣ дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус дар назар дош­та шудааст.