Самбо

Самбо

Дар мактаби варзишии бачаҳо ва наврасони ба намудҳои гӯштӣ ихтисосонидашудаи шаҳри Самарқанд бахшида барои гирифтани Ҷоми устоди тоифаи байналхалқӣ Равшанполвон Ғуломов аз рӯйи самбо дар байни бачаҳои 10-11 ва 12-14-сола мусобиқаи кушоди вилоятӣ шуда гузашт. Дар он беш аз 250 нафар паҳлавонҳои Ҷумҳурияти Қароқал­поқистон, вилоятҳои Самарқанд, Тош­канд, Бухоро ва Навоӣ иштирок карданд.
Дар мусобиқа варзишгарони ноҳияи Самарқанд Ободҷон Бегматов ва Улуғбек Муҳаммадиев соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Асадбек Салимов ҷойи дуввумро ишғол намуд. Ҷонибек Зайниев ва Хуршед Қалан­даров ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.
Ғолибу ҷоизадорони мусобиқа бо медалу диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии ташкилотчиён сарфароз гардиданд.

Ҷавҳар ҶАББОРОВ.