Имконият ба донишҷӯёни соҳаи хоҷагии қишлоқ

Имконият ба донишҷӯёни соҳаи хоҷагии қишлоқ

Ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА), ки аз роҳбару ходимони Донишгоҳи штати Мичиган ва экспертон иборат буданд, ба Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд омаданд ва дар доираи ташрифи худ дар Самарқанд, бо фаъолияти Донишкадаи медитсинаи ветеринария низ шинос шуданд. Ташрифи мазкур барои таҷриба иваз намудани муассисаҳои таълими олии хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон ва Донишгоҳи штати Мичиган имконият фароҳам овард. Инчунин, оиди ҷалб намудани профессору устодони соҳаи хоҷагии қишлоқи ИМА барои маърӯзахонӣ дар муассисаҳои таълими олии хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон гуфтушунид намуданд.
– Соли 2017 байни ду донишгоҳ меморандуми ҳамкорӣ имзо гардида буд ва мо дар доираи ҳамон ба Ӯзбекистон ташриф овардем, — гуфт директори маркази маслиҳатии хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи штати Мичиган Ҷеффри Дайер. – Ҳоло бо хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон шинос шуда, имконияти ба соҳа ворид намудани инвеститсияро омӯхтем. Ғайр аз ин, оиди ҷорӣ намудани барномаи муштараки дипломи дуҷониба додан дар муассисаҳои таълими олии хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон, дар ин самт истифодаи таҷрибаи ИМА ва ташкили марказҳои маслиҳатӣ мубодилаи афкор намудем.