Роҳбари маҳфили беҳтарин

Роҳбари маҳфили беҳтарин

Дар маркази бачагонаи “Авлоди баркамол”-и ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд зинаи ҷумҳуриявии озмуни “Беҳтарин роҳбари маҳфили сол” гузаронида шуд.
Дар он 42 нафар ғолибони зинаҳои ҳудудии озмун аз рӯйи равияҳои эҷоди бадеӣ ва техникӣ, кишваршиносӣ ва экология фаъолии услубӣ-педагогӣ, маҳорат ва таҷрибаи худро дар бобати ҷалб намудани бачагон ба маҳфилҳо аз санҷиш гузаронданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ намояндаи вилоятамон, корманди Маркази бачагонаи “Авлоди баркамол”-и шаҳри Каттақӯрғон Асад Дониёров дар “Равияи эҷодиёти техникӣ”-и озмун ҷойи якумро ба даст овард ва бо диплому тӯҳфаҳои қиматбаҳои Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон мукофотонида шуд.