Панди устод – асоси муваффақият

Панди устод – асоси муваффақият

Натиҷаи ислоҳоти оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон дар сохтори таълим аст, ки адади ҷавонони боистеъдод, соҳибхирад ва ташаббускор рӯз то рӯз зиёд мешавад. Яке аз чунин ҷавонони аълохон донишҷӯи факултети забони англисии До­нишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Ҷаво­ҳирхон Насруллоев мебошад, ки ба қариби соҳиби стипендияи давлатии ба номи Али­шер Навоӣ гардид.
Ҷавоҳир ҳангоми таҳсил дар мактаби таълими умумӣ ба омӯхтани забони англисӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Пас аз шомили донишкада гардидан аз устодони ботаҷриба ва соҳибтахассус ин забонро ба таври мукаммал омӯхт. Ӯ ғайр аз забони англисӣ, ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ низ бе ягон мушкилӣ сухан гуфта метавонад. Ҳоло бо омӯзиши забони немисӣ машғул аст. То имрӯз дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ беш аз 35 адад мақолаҳои илмии Ҷавoҳир ва 11 китобу маҷ­мӯаҳое, ки тарҷума кардааст, нашр шудаанд. Бо мақолаҳои ҷолиб ва лоиҳаҳои нави худ дар анҷуманҳои бонуфузи мамлакат ва хориҷӣ низ ширкат варзида, “Луғати суратдори англисӣ-русӣ-ӯзбекӣ” (“English-Russian-Uzbek pictorial dictionary”)-ро таҳия намудааст. Доир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ маҷмӯаҳои илмии “Rally around for reading and discussing short stories” ва “Short stories”-ро омода кардааст.
– Агар устодони ботаҷриба ва фидоӣ ба мо ҷавонон роҳи дурустро нишон дода, дастгирӣ накунанд, мо ба ҳеҷ гуна муваффақият ноил намегардем, — мегӯяд Ҷ. Нас­руллоев. – Ман дарсҳои омӯхта ва пандҳои устодонамро калиди муваффақиятҳои худ медонам. Агар ҳар як донишҷӯ аз таҳти дил кӯшиш кунад, илм омӯзад ва омӯзгорон дуруст роҳнамоӣ намоянд, албатта зинаҳои баланди илмро фатҳ месозад ва фарзанди муносиби Ватан шуда ба камол мерасад. Ман низ орзу дорам, ки мутахассиси ботаҷрибаи соҳаи худ гардида, барои мустаҳкамсозии обрӯи киш­варамон дар арсаи байналхалқӣ саҳм гузорам.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.