То медали тилло як қадам…

То медали тилло як қадам…

Ду самбочии самарқандӣ аз чемпионати ҷаҳон бо медалҳои нуқра баргаштанд.
Чемпионати 42-юми самбо дар байни мардҳо ва занҳо, инчунин самбои ҷангӣ дар байни мардҳо дар шаҳри Бухарес­ти Руминия барпо гашт.
— Ду медали нуқра ва як биринҷӣ – чунин аст натиҷаи иштироки ҷамоаи самбочиёни Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон, — гуфт мураббии калони дастаи самбочизанҳои вилоят Ҷавҳар Ҷабборов. — Бояд қайд намуд, ки ҳиссаи самбочиёни Самарқанд дар муваффақияти ӯзбекистониҳо калон аст. Намояндагони вилояти мо – Нодира Гулова (дар вазни то 48 кг.) дар қувваозмоии самбочиён ва Ҳакимҷон Исмоилов (то 100 кг.) дар самбои ҷангӣ ҳамаи рақибонашонро мағлуб намуда, дар зинаи финал мағлуб шуданд ва соҳиби медали нуқра гардиданд.
Бекзод Нурматов (то 90 кг.) дар самбои ҷангӣ ба ҳисоби ҷамоаи Ӯзбекистон медали биринҷӣ овард.
Дар ин чемпионат, ки дар ҷашни 80-солагии самбо мегузарад, ғайр аз медал барои ҷойи якум 3000, дуюм – 2000 ва саввӯм 1500 доллари ИМА мукофот дода шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.