Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба ҳифзи аҳолии вилоят аз бемориҳои сирояткунандае, ки дар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ вомехӯранд ва таъмини риояи талаботи ветеринарӣ- санитарӣ дар расонида додан ва фурӯши маҳсулоти гӯшт

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи дар қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 28-уми сентябри соли 1995 «Оиди ҳифзи аҳолии ҷумҳурият аз бемориҳои сирояткунандае, ки дар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ вомехӯранд ва риоя кардан ба талаботи ветеринарӣ-санитарӣ ҳангоми расонида додан ва фурӯхтани маҳсулоти гӯшт ва шир» таҳти рақами 379, аз 15-уми марти соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани низомномаҳо оиди тартиби дар сохтори Хизмати давлатии ветеринарӣ гирифтани рухсат ба ҳуҷҷатҳое, ки хусусияти ба онҳо додани иҷозат доранд», таҳти рақами 139 (Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2017, шумораи 11-ум, моддаи 166-ум), аз 22-юми сентябри соли 2017 «Дар бораи такмил додани идентификатсия намудани ҳайвонҳо, ба ҳисоб гирифтан, аз ҳисоб баровардан ва тартиби нигаҳдории онҳо таҳти рақами 748 (Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2017, шумораи 38-ум, моддаи 1057-ум) ва қоидаи Вазорати адлия аз 20-уми июни соли 2018 «Гузаронидани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз экспертизаи ветеринарӣ – санитарӣ» таҳти рақами 20-15-222/11 муайяншуда ва муҳофизати аҳолии вилоят аз бемориҳои сирояткунандае, ки дар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ вомехӯранд, таъмини риояи қатъӣ ба қоидаҳои ветеринарӣ – санитарӣ ҳангоми ташкил намудани куштани чорво, тайёр кардан ва фурӯхтани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, расонидани ашёи хоми сифатноки чарм, ки ҷавобгӯйи талаботи бозори ҷаҳонӣ аст, баланд бардоштани салоҳияти экспортии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гӯшт ва ташкил кардани назорати доимии куштани чорво ва бехатарии хӯрокворӣ, инчунин дар асоси моддаҳои 6-ум ва 25-уми қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Пешниҳоди садоратҳои ветеринария ва тундурустии вилоят, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилоят ва Иттиҳодияи бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят доир ба муайян намудани чораҳои иловагӣ оиди ҳифзи аҳолии шаҳру ноҳияҳо аз бемориҳои сирояткунандае, ки дар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ вомехӯранд ва риоя кардан ба талаботи ветеринарӣ – санитарӣ ҳангоми расонида додан ва фурӯхтани маҳсулоти гӯшт пазируфта шавад.
2. Ҷонишини ҳокими вилоят (Нурқулов), садорати корҳои дохилӣ (Тошпӯлодов), садорати вазъиятҳои фавқулодда (Мелиев), садорати давлатии андоз (Аҳмадов), сарсадорати молия (Мирзоев), ғазначигӣ (Тӯйчиев), садорати тандурустӣ (Ҷумъаниёзов), садорати таълими томактабӣ (Саъдинова), садорати таълими халқӣ (Юлдошев), садорати ветеринария (Тошмуродов), Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ (Бойқобилов), Маркази давлатии ташхиси бемориҳои ҳайвонот ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (Алламуродова), Иттиҳодияи бозорҳо ва маҷмӯаҳои савдо (Мамадаминов), ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои коркарди гӯшт ва кушхонаҳои ихтисосонида дар куштан ва фурӯхтани чорво ба:
қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 28-уми сентябри соли 1995 «Оиди ҳифзи аҳолии ҷумҳурият аз бемориҳои сирояткунандае, ки дар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ вомехӯранд ва риоя кардан ба талаботи ветеринарӣ-санитарӣ ҳангоми расонида додан ва фурӯхтани маҳсулоти гӯшт ва шир» таҳти рақами 379;
қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 15-уми марти соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани низомномаҳо оиди тартиби дар сохтори Хизмати давлатии ветеринарӣ гирифтани рухсат ба ҳуҷҷатҳое, ки хусусияти ба онҳо додани иҷозат доранд» таҳти рақами 139 (Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2017, шумораи 11-ум, моддаи 166-ум);
қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 22-юми сентябри соли 2017 «Дар бораи такмил додани идентификатсия намудани ҳайвонҳо, ба ҳисоб гирифтан, аз ҳисоб баровардан ва тартиби нигаҳдории онҳо» таҳти рақами 748 (Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2017, шумораи 38-ум, моддаи 1057-ум);
қоидаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 30-юми июни соли 2008 «Оиди аз экспертизаи ветеринарӣ – санитарӣ гузаронидани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ» ба таври қатъӣ риоя намуданро таъмин кунанд.
3. Ба садорати ветеринарияи вилоят (Тошмуродов), ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони кушхонаҳои ихтисосонидаи чорво супурда шавад, ки:
куштани ҳайвоноти гӯшташ барои ба истеъмол баровардан пешбинишударо дар кушхонаҳои ихтисосонидаи чорво, ки ҷавобгӯйи талаботи ветеринарӣ-санитарӣ буда, бино ва хонаҳои бо асбобу ускунаҳои замонавӣ механизатсия ё ки автоматизатсия кунонида шудаанд (бо рухсати духтури ветеринарӣ куштани чорво барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маҷбуран куштан аз ин мустасно), амалӣ намуданро ташкил кардан;
дар кушхонаҳои ихтисосонидаи чорво ташкил намудани назорати ветеринарӣ, фароҳам овардани шароитҳои зарурие, ки ба мутахассиси ветеринарӣ барои назорати пеш аз куштан ва баъди куштани чорво талаб карда мешаванд;
дар кушхонаҳои ихтисосонида ба тартиби муайяншуда қатъӣ амал намуда, куштани ҳайвоноти хонагӣ, яъне чорвои калони шохдор ва хурд, хук, асп, шутур, харгӯш ва ҳамаи намудҳои парранда ва таъқиқ кардани куштани ҳайвоноти хонагие, ки маълумотномаи мутахассиси ҳудудии ветеринариро дар бораи сиҳатӣ ва рухсат ба куштани онҳо надоранд;
пурра ба ҳисоб гирифтани ашёи хоми чарми ҳайвонҳое, ки дар кушхонаҳои ихтисосонида куштаанд, ба соҳиби мол дар шакли муайяншуда додани маълумотнома барои коркарди ибтидоӣ ва кушта шудани чорвое, ки идентификатсия карда шудааст, инчунин таъмин намудани додани атрибути идентификатсионии ҳайвон (ғайр аз идентификатсияи электронӣ) супурда шавад.
4. Ба ҷонишини ҳокими вилоят (Нурқулов), садорати корҳои дохилии вилоят (Тошпӯлодов), садорати ветеринарияи вилоят (Тошмуродов), Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии вилоят (Бойқобилов), Иттиҳодияи бозорҳову маҷмӯаҳои савдо (Мамадалиев) ва ҳокимони шаҳру ноҳияҳо супурда шавад, ки:
назорати ба корхонаҳои тиҷоратӣ, истеъмолчиён ва дигар ташкилотҳо дар асоси маълумотнома (гувоҳнома)-и дахлдор оиди аз экспертизаи ветеринарӣ-санитарӣ гузаронда ва ба танааш мӯҳри махсус гузошта расонидани гӯшти чорвои кушташуда пурзӯр намоянд;
ҳамаи кушхонаҳои ихтисосонидаи дар ҳудуди вилоят бударо аз инвентаризатсия гузаронда, барои онҳо дар тартиби муайяншуда хулосаи ветеринарӣ-санитариро расмӣ гардонанд;
дар муддати 10 рӯз дӯконҳои гӯштро аз рӯйхат гузаронда, доир ба ташкили фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар ҷойҳое, ки ҷавобгӯйи талаботи ветеринарӣ – санитарӣ ҳастанд, чораҳо таҳия намоянд.
5. Ба садорати корҳои дохилии вилоят (Тошпӯлодов), садорати давлатии андоз (Аҳмадов), Иттиҳодияи бозорҳову маҷмӯъҳои тиҷоратӣ (Мамадалиев) ва ҳокимони шаҳру ноҳияҳо супурда шавад, ки:
дар дӯконҳои гӯшти ҳудуди бозорҳои деҳқонӣ фурӯши гӯшти чорворо, ки дар кушхонаҳои ихтисосонида кушта, бо маълумотнома (гувоҳнома)-и дахлдор оварда шудаанд, аз экспертизаи ветеринарӣ-санитарӣ гузаронида, ба танаи моли кушташуда мӯҳри «Назорати ибтидоӣ» (чоркунҷа) ва махсус (дар шакли доираи байзавӣ) гузоштаанд, таъмин намоянд;
оиди гузоштани яхдонҳо дар растаҳое, ки гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ фурӯхта мешаванд, чораҳои зарурӣ бинанд;
барои дар ҳудуди бозор надаровардан ва нафурӯхтани маҳсулоти гӯштие, ки аз назорати ветеринарӣ нагузаштаанд, назорати қатъӣ ҷорӣ кунанд;
барои маҳсулоти гӯште, ки корхонаҳои хӯроки умумӣ аз павилонҳои гӯшти бозорҳои деҳқонӣ харидаанд, ба тартиби муайян додани маълумотномаҳоро ташкил кунанд;
дар бозорҳои моли вилоят ба фурӯши ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва хонагӣ, ки идентификатсия карда нашудаанд, роҳ надиҳанд;
бо риояи қатъии тартиби ветеринарӣ-санитарии муайяншуда пӯшидани либоси махсус ва дар як сол ду маротиба аз назорати тиббӣ гузаштани шахсонеро, ки дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ мефурӯшанд, таъмин намоянд.
Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 1-уми августи соли 2014 «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои кашондани бор бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами 213 аз сабаби бори тезвайроншаванда будани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, яъне аз сабаби ба тоифаи борҳое, ки ҳарорати махсус ва риоя ба режими санитарӣ-гигиенӣ талаб карда мешаванд, дар воситаҳои автонақлиётии ихтисосонида (фургон, рефрижиратор ва амсоли онҳо) бо зарф (ҷилд)-и махсус печонида, кашонидани онҳоро зери назорати доимӣ гиранд.
6. Ба ҷонишини ҳокими вилоят (Нурқулов) ва ҳокимони шаҳру ноҳияҳо супурда шавад, ки:
гурӯҳҳои кории вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии фаъолияташон доимии аз мутахассисони садорат (шӯъба)-ҳои вазъиятҳои фавқулодда, корҳои дохилӣ, Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, шӯъбаҳои ветеринария ва нозироти давлатии андози ноҳия, шӯъбаҳои ҳудудии ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолчиён иборатро оиди омӯзиши самаранокии амалӣ шудани тадбирҳоро доир ба таъмини бехатарии хӯрокворӣ меомӯзанд, ташкил кунанд;
дар ҳар моҳ камаш як маротиба дар назди ҳокими вилоят муҳокимаи таҳлилӣ кардани натиҷаҳои омӯзиши гурӯҳи кориро таъмин намоянд.
7. Садорати ветеринарияи вилоят (Тошмуродов), садорати тандурустии вилоят (Ҷумъаниёзов), Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ (Бойқобилов) ва ҳокимони шаҳру ноҳияҳо дар байни аҳолӣ ва субъектҳои тадбиркорӣ доир ба тартиби нигоҳдорӣ ва идентификатсия кардани ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва хонагӣ, қоидаҳои ветеринарӣ-санитарии куштани чорво ва фурӯхтани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии амал накардан ба онҳо корҳои тарғиботиро пурзӯр намоянд.
8. Садорати ветеринарияи вилоят (Тошмуродов), Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ (Бойқобилов), дар ҳамкорӣ бо садорати корҳои дохилии вилоят нисбати шахсоне, ки ба қоидаҳои ветеринарӣ-санитарӣ риоя намекунанд, корхонаҳои хӯроки умумӣ ва коркарде, ки бе ҳуҷҷатҳои ветеринарӣ гӯшт қабул кардаанд, дидани чораҳои ҷавобгариро бо тартиби дар ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ муайяншуда, таъмин намоянд.
9. Ба телерадиокомпанияи вилоят (Исматов), таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» (Тошев), таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» (Раҳмонов) ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия карда шавад, ки оиди ҳифзи аҳолии вилоят аз бемориҳои сирояткунандае, ки дар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ вомехӯранд ва риоя кардан ба талаботи ветеринарӣ-санитарӣ дар расонида додан ва фурӯхтани маҳсулоти гӯшт сӯҳбати мизи мудаввар, барномаҳои танқидӣ ташкил ва мақолаҳо чоп кунанд.
10. Қарори мазкур аз рӯзи расман эълон шуданаш ба амал медарояд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об А.Нурқулов вогузошта шавад.

Иҷрокунандаи вазифаи
ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
шаҳри Самарқанд,
14-уми ноябри соли 2018, № 711-Қ