Маскани таълиму тарбияи замонавӣ

Маскани таълиму тарбияи замонавӣ

Дар муассисаи таълими томактабии рақами 6-и ноҳияи Самарқанд 100 нафар писару духтаракон дар чор гурӯҳ тарбия мегиранд. Ҳоло дар муассиса, ки дар деҳаи хушманзараи Оҳалик ҷойгир аст, чор нафар тарбиядиҳандагони соҳиби маълумоти олӣ ба авлоди наврас бо усулҳои замонавӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ тарбия медиҳанд.
Чанде пеш бо мақсади ба хурдтаракон омӯзонидани забонҳои англисӣ ва русӣ фаъолияти маҳфили “Мо забонҳои хориҷиро меомӯзем” ба роҳ монда шуд.
– Дар мамлакатамон ба ривоҷдиҳии сохтори таълими томактабӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва дар ин самт аз тарафи ҳукумат ҳуҷҷатҳои зиёди меъёрӣ қабул мегарданд, — гуфт тарбиятгари муассиса Наргиза Ҳалимова. – Мо дар ҷараёни таълиму тарбияи кӯдакон кӯшиш мекунем, ки дар доираи талабҳои замони имрӯза хурдсолонро аз ҳар ҷиҳат ба зинаи мактабӣ тайёр кунем.

Факт

• Дар давоми соли ҷорӣ бо таълими томактабӣ фаро гирифтани бачагон аз 27,7 фоиз ба 35,4 фоиз расид.

• Ҳоло 890 ҳазор писару духтарони хурдсол дар муассисаҳои таълими томактабӣ тарбия мегиранд.

• Миқдори муассисаҳои таълими томактабӣ дар асоси бунёди биноҳои нав, таъмирсозии иншоот, ривоҷёбии сектори нодавлатӣ ва ҷорӣ гардидани механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ аз 5211-то ба 6607 адад расид.

• Назар ба маълумоти Садорати таълими томактабии вилоят аз аввали сол аз тарафи субъектҳои тадбиркорӣ ва шаҳрвандон барои ташкил намудани 146 муассисаи таълими томактабии нодавлатӣ ва 87 муассисаи давлатӣ-хусусӣ муроҷиат шуда, доир ба 179-тои онҳо барои ҷудо кардани замин ва бино қарори ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо қабул гардидаанд.