Намоишгоҳи асал

Намоишгоҳи асал

Дар «Бозори деҳқон»-и шаҳри Самарқанд «Иди асал» баргузор гардид.
Ярмаркаи мазкур то 30-юми декабр давом мекунад ва дар он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 30 нафар фермер ва оилаҳои занбӯрпарвар бо маҳсулоти худ иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳ асал, чанги гул, прополис, мум ва шири оруҳои асал барин маҳсулоти тозаи экологӣ ҷой дорад.
— Дар асоси қарори Президенти мамлакатамон аз 16-уми октябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи асалпарварӣ дар ҷумҳурият» бисёр имтиёзҳо дода шуд. Ин имтиёзҳо барои ривоҷ додани соҳаи мазкур ҳамчун омили асосӣ хизмат мекунад, – гуфт раиси иттиҳодияи асалпарварони вилоят Ҳайдар Рашидов. – Алалхусус, ба аъзои иттиҳодияамон хонаҳои занбӯри асал, ускунаҳои зарурӣ ва анҷомҳои лозима ба онҳо, ки дар соҳаи асалпарварӣ истифода мебаранд дар асоси шартнома дода мешаванд. Мақсад аз гузаронидани намоиш аввало, дастархони ҳамватанонамонро бо маҳсулотҳои сифатноку табиӣ таъмин кардан мебошад. Баробари ҳамин, ба аҳолӣ аз тарафи мутахассисон оиди хусусиятҳои фоидаовари маҳсулотҳои асал маълумотҳо дода шуданд.
— Чил сол боз бо асалпарварӣ машғулам, — гуфт истиқоматкунандаи ноҳияи Самарқанд, асалпарвар Мӯҳсин Исломов. – Соли ҷорӣ 150 қуттӣ занбӯрҳои асали дар тасарруфам бударо парвариш карда, 2 тонна маҳсулоти тоза гирифтам.

Бахтиёр МУСТАНОВ.