Вохӯрӣ  бо фаъолони маҳаллаи Андиҷонӣ

Вохӯрӣ бо фаъолони маҳаллаи Андиҷонӣ

Дар маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд вохӯрии фаъолони маҳалла бо эҷодкорони рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба амал омад. Раиси маҳалла Масеъҷон Собиров тадбирро кушода, меҳмононро ба ҳозирон шиносонид ва оиди мақсади вохӯрӣ — ташкил намудани обуна барои соли 2019 ҳарф зад.
Сипас, депутати ноҳия аз ин минтақа Абдуҷаббор Умаров риштаи суханро гирифта, доир ба қонуну фармонҳои аз ҷониби Президенти мамлакатамон ба амаломадаистода, ислоҳоти имрӯза, бе маънавияту маърифат ба мақсад нарасидан, аҳамияти нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла, рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» барои саводнокии инсонҳо, оинаи ҳаёт ва воситаи паҳнкунандаи маърифат будани рӯзномаҳо гап зад.
Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ба минбар баромада, дар бораи вазъи обунаи соли 2019, дар соли оянда ба обуначиён дар вақташ дастрас кардани газета, ба таҳририяти рӯзнома аз тарафи сокинони маҳалла фиристонидани хабару мақолаҳои пурмазмун, аз ҷониби таҳририят рағбатманд кунонидани фаъолони обуна, нақшаҳои ояндаи газета ва ғайра суханронӣ намуд.
Фаъолони маҳалла Ӯлмасхон Ёқубзода, Фурқат Узоқов, Абдурашид Каримов, Равшан Раҷабов, Ғолиб Ҷалолов ва Самеъҷон Бозоров сухан гирифта, оиди мавқеи рӯзномаи мазкур дар ҳаёти рӯзмарраи аҳолӣ, дар гузару чойхонаҳо тарғиб намудани обуна ва ғайра фикрҳои худро баён карданд.
— Касе ки бо рӯзнома ошно аст, ҷаҳонбиниаш васеъ ва босаводу бомаданият мешавад. Обуна нашудан ба рӯзномае, ки ба забони модариамон чоп мешавад, барои аҳли хонадонҳо айб аст. Аз ҳисоби маблағи худам ба обуна кардани якчанд нафар газетхони камбизоат тайёрам, — гуфт зимни суханрониаш Абдуҷаббор Умаров.
— Ман ҳар сол аз аввалинҳо шуда, ба газетаи «Овози Самарқанд» обуна мешавам. Дар давоми сол аз маводи он озуқаи маънавӣ мегирам. Аз ҷониби коргоҳамон ҳам имсол ба 15 нусхаи солона обуна ташкил мекунем, — изҳори ақида намуд роҳбари корхонаи «Зулфия»-и ноҳия Фурқат Узоқов.

Ҷамшеди АСРОР.