Камҳаракатӣ сактаи дилро ба миён меорад

Камҳаракатӣ сактаи дилро ба миён меорад

Вақтҳои охир мо бештар мушоҳида мекунем, ки одамон дар синну соли ҷавонӣ ҳам гирифтори сактаи дил мешаванд. Дар баробари генҳо, омилҳои гуногун метавонанд боиси чунин ҳамлаҳои ногаҳонӣ шаванд. Андак тағйироти ҳаётии таъсирбахш метавонад шуморо аз ин мушкилӣ раҳо кунад.
Машқҳои мунтазами ҷисмонӣ яке аз воситаҳои солим нигоҳ доштани кори системаи дилу рагҳо мебошад. Мутахассисон ҳафтае 3 маротиба машқҳои ҷисмонии 30-дақиқагиро тавсия медиҳанд. Агар давидан ба шумо писанд набошад, пас метавонед теннисбозӣ кунед ва ё бо шиноварӣ машғул шавед.
Хоб низ яке аз воситаҳои барқарорсозии бадан ба ҳисоб рафта, инсон бояд шабона 7-8 соат хоб кунад. Тақрибан 60 фоизи калонсолон аз бехобӣ ранҷ мебаранд, аз ин рӯ омили хоб низ ҳамлаҳои сактаи дилро ба миён меоварад.
Ғизогирии носолим, сигоркашӣ, ҳаёти камҳаракат боиси фарбеҳшавӣ ва баланд шудани сатҳи холестерин дар хун мегарданд. Сатҳи баланди холестерин рагҳои хунгардро танг мекунад. Вақте ки ҷараёни хун ба дил якбора кам ва ё роҳаш тамоман баста мешавад, дар қафаси сина дард пайдо шуда, сактаи дил ба миён меояд. Барои паст кардани холестерин парҳези солимро риоя намоед ва машқҳои ҷисмониро сарфи назар накунед. Инчунин, бо кӯмаки доруҳо низ метавонед сатҳи холестеринро паст намоед.
Фаромӯш накунед, ки дар ҳолатҳои стрессӣ таппиши дил афзуда, фишори хун баланд мешавад. Агар коратон серташвишу изтиробовар бошад, баъд аз кор бо дӯстон якҷоя вақтатонро гузаронед, сайру гашт намоед. Зуд-зуд худатонро аз муоинаи табибон гузаронида, аз вазъи саломатии худ бохабар шавед.

В.САТТОРОВА,
духтури амалиёти умумӣ.