Эътибор ба модару кӯдак

Эътибор ба модару кӯдак

Имрӯзҳо дар Иттиҳодияи тиббиёти ноҳияи Булунғур 234 нафар шифокори соҳибмаълумот ва 786 нафар ходими дорои маълумоти миёнаи масус ба зиёда аз 178000 нафар аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар натиҷаи азнавбарқароркунонии 18 пункти шифокории деҳот 2 поликлиникаи оилавии қишлоқ ташкил гардида, фаъолияти мутахассисии терапевт, педиатр, ҷарроҳ, акушер-гинеколог, стоматолог ва УТТ ба роҳ монда шудааст.
Ба ҳифзи саломатии модарон ва навзодон эътибори ҷудогона дода мешавад. Дар 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз рӯйи аниқ кардан ва пешгирии гипотериози модарзодӣ, фенилкетонурия аз 2144 навзод намунаи хун гирифта, дар Маркази скринингии вилоят аз санҷиш гузарониданд.
Ҳомиладории беш аз 80 нафар занҳо, ки патологияи акушерӣ шудаанд, аз муддаташ пеш нигоҳ доронда шуд.
Шифокору ҳамшираҳои шӯъбаи таваллудгоҳи иттиҳодия баҳри ҳифзи саломатии модару кӯдакон шабу рӯз меҳнат мекунанд.

И.ҲАМРОЕВ,
Ҷ.ОБИДОВ.