Истеҳсоли нӯшокиҳои хуштаъм

Истеҳсоли нӯшокиҳои хуштаъм

Ду сол боз дар маҳаллаи Дедани ноҳияи Нарпай корхонаи истеҳсолии нӯшокиҳои газноку бегази «BEST»-и тобеи хоҷагии фермерии «Пахтакор» фаъолият пеш мебарад. Марди тадбиркор Содиқ Ҳақбердиев бо 24 нафар коргар 13 навъ нӯшокиҳои газдор ва бегазро омода мекунанд.
— Барои коргоҳ аз давлати Хитой ускунаҳо харидем. Дар як соат то ҳазор дона маҳсулот тайёр мекунем, — гуфт С.Ҳақбердиев. — Харидорони маҳсулотамон асосан аз вилояти худамон ва вилояти Навоӣ, инчунин, Ҷумҳурияти Туркманистон мебошанд.
Гуфтан ҷоиз, ки С.Ҳақбердиев бо маҳсулоти корхона дар зинаи ноҳиявии озмун-азназаргузаронии «Ташаббус-2018» аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин тадбиркор дар соҳаи саноат» ғолиб гардида, дар зинаи вилоятии озмун иштирок намуд.
Муҳандис Бахтиёр Исломов, технолог Шаҳзод Раззоқов, коргар Наргиза Холиқова ва ронанда Шералӣ Исмоилов бо меҳнати ҳалолашон ба дигарон намунаи ибратанд.

Дилрабо НЕЪМАТОВА.