Содироти хушкмева ба Европа

Содироти хушкмева ба Европа

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сиёб саховати»-и ноҳияи Тайлоқ дар маркази ноҳия фаъолият дорад. Беш аз 100 нафар коргарони корхона бо саракунии меваҳои хушк, шустану қадоқкунии онҳо, дар бочкаҳои 100-килогӣ «мариновка» намудани растании кобул машғуланд.
Дар ин ҷо истеҳсоли матои бахмал ҳам ба роҳ монда шудааст. Иктисодчии корхона Шербек Қодиров ба сехи мавизтайёркунӣ роҳбарӣ мекунад. Аз боғоти хоҷагии формерии «Сиёб Шавкат Орзу»-и тобеи ҷамъият ва аҳолӣ мавизи кишмиши сафеду сиёҳ оварда, коркард менамоянд ва 10-килоӣ бандубаст карда, ба мамлакатҳои Россия, Туркия, Аморати муттаҳиди Араб экспорт мекунанд. Растании кобулро бошад, ба фармасевтҳои ҳиндустонӣ мефиристанд.
М.Раҳмонқулова, А.Абдуллоева, Р.Бобоназарова ва А.Фатхулина дар дастгоҳҳои туркиягӣ хушкмеваҳо тайёр мекунанд. Дар сехи дӯзандагӣ бошад, навъҳои гуногуни бахмал омода карда мешаванд.

Матн ва сурати Т.НОРҚУЛОВ.