Ёрии таъҷилии тиббӣ – дар реанимобил

Ёрии таъҷилии тиббӣ – дар реанимобил

Агентии ҳамкорӣ ва мутобиқгардонии Туркия – TICA ба филиали вилоятии Маркази ҷумҳуриятии ёрии таъҷилии тиббӣ (МҶЁТТ) ба сифати ёрии беғаразона 6 адад реанимобили замонавии «Toyota» супурд.
— Дар ду соли охир Президентамон доир ба инкишофи фаъолияти хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ як фармон ва се қарор қабул кард, — гуфт сардухтури филиали вилоятии МҶЁТТ Акбар Тиляков. — Дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур доир ба мустаҳкамсозии базаи моддию техникии соҳа ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Саройи автомобилҳои хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ ба дараҷаи талаботи замон нав шуданд. Аз ҷумла, агар дар сохтори хизмати ёрии таъҷилии тиббии вилоятамон аз 137 автомашина истифода бурда бошанд, дар солҳои охир ба туфайли ислоҳотҳо шумораи воситаҳои нақлиётӣ ба 259-то расид. 35-тои онҳо реанимобилҳои замонавии хориҷӣ мебошанд. Ба қарибӣ барои ҷиҳозонидани воситаҳои автомобилии мазкур ба маблағи 470 ҳазор доллар асбобҳои тиббӣ оварданд.
Дар реанимобилҳои замонавие, ки имрӯз доданд, барои ба бемор расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ шароит ва имкониятҳои хуб мавҷуд аст. Онҳо бо ускунаҳои навъи тиббии охирин таъмин шудаанд.
Инчунин, ҳокимияти вилоят ба шӯъбаҳои ёрии таъҷилии тиббии иттиҳодияҳои тиббии ноҳияҳои Булунғур, Оқдарё, Пайариқ ва Нарпай машинаҳои ёрии таъҷилии тиббии махсус ҷиҳозонидаи «Дамас»-ро дод.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Ш.Худойбердиев иштирок кард.

А.ИСРОИЛОВ.