Мубориза бар зидди гиёҳвандӣ қаноатбахш бояд бошад

Мубориза бар зидди гиёҳвандӣ қаноатбахш бояд бошад

Дар ҳокимияти вилоят ҷамъомади навбатии комиссияи минтақавии назорати моддаҳои гиёҳвандӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомаде, ки ба тарзи видеоселектор гузашт аз тарафи комиссия корҳое, ки дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ амалӣ гардидааст, таҳлили танқидӣ карда шуд.
— Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои вазифаҳое, ки дар ҷамъомади пештараи комиссия муайян гардида буд, қаноатбахш нест, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов. – Соли ҷорӣ дар вилоят содир шудани 314 корҳои ҷиноӣ, ки бо моддаҳои гиёҳвандӣ вобаста аст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин бора корҳо ба дараҷаи кофӣ бурда нашудааст.
Чуноне ки таъкид мекунанд, корҳое, ки аз ҷониби комиссия амалӣ гардидааст, инчунин дар корҳои тарғиботие, ки дар мубориза бар зидди гиёҳвандӣ ба амал меояд, ба сусткашӣ роҳ дода мешаванд
Дар ҷамъомад оиди бартараф намудани камбудиҳои мазкур вазифаҳо муайян гардиданд.
Инчунин, таклифи моҳи декабрро “Моҳонаи мубориза бар зидди гиёҳвандӣ” эълон намудан пешниҳод гардид ва аз ҷониби аъзоёни комиссия маъқул дониста шуд.