Самтҳои нави хоҷагии моҳипарварӣ

Самтҳои нави хоҷагии моҳипарварӣ

Дар ноҳияи Пахтачӣ шароит ва имкониятҳои васеи моҳипарварӣ вуҷуд дорад. Бинобар ҳамин, дар ноҳия ин соҳа ҳам торафт ривоҷ меёбад. Яке аз ин гуна хоҷагиҳои фермерӣ хоҷагии «Балиқ ал-Саид» аст. Ин хоҷагӣ ба парвариши моҳиву харгӯш ихтисосонида шудааст. Мо бо роҳбари он Дилшод Ҷалилов сӯҳбат оростем.
— Акаи Дилшод, бигӯед, ки хоҷагии моҳипарвариро кай ташкил кардед?
— Хоҷагии мо соли 2010 ташкил ёфтааст. Мо дар майдони 20,8 гектар ҳавз ба кори моҳипарварӣ шурӯъ намудем. Аз он 18 гектарашро ҳавзи сунъӣ ташкил мекунад. Баъди баромадани қарори Президентамон аз санаи 6-уми ноябри соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба ривоҷдиҳии соҳаи моҳипарварӣ» барои хоҷагии мо боз 9 гектар замин ҷудо карданд. Ҳоло аз ҳисоби он ба майдони 7,5 гектар бо усули ветнамӣ ҳавзи моҳипарварӣ сох­тем, ки дар онҳо капур (карп) ва зағорамоҳӣ парвариш мекунем. Барои ин порсол личинка-моҳичаҳоро аз худи Ветнам овардем. Имсол аз ҳисоби онҳо модармоҳиҳо тайёр мешаванд. Аз онҳо бо усули интенсивӣ дар як сол то 6 тонна гӯшти моҳӣ гирифтан мумкин аст. Ҳозир дар болои истеҳсоли гӯшту моҳии капур кор бурда истодаем.
— Моҳипарварӣ дар хоҷагии қишлоқи вилояти мо соҳаи нав аст. Рӯзҳои аввали ташкилсозии хоҷагӣ бо чӣ хел душвориҳо рӯ ба рӯ омадед?
— Ба ташкили хоҷагии мо­ҳипарварии мо 8 сол мешавад. Барои инсон оғози ҳар кор аз ҳама душвор аст. Баъзеҳо тамоми умр фикр карда, ҳаёташонро ба охир мерасонанд. Ба назари ман, аз ҳама ҷойи душвори оғози кори нав ин фикру андешаҳои зиёд аст. Агар аз душвориҳо натарсида, корро сар кунед, он гоҳ ҳамааш хуб мешавад.
— Дар оғози кор маблағ ҳам роли калон мебозад?
— Албатта, мо аввал аз хешу авлодҳо пул ҷамъ кардем. Солҳои 90-ум худи ман дар комплекси моҳипарварии вилояти Навоӣ кор мекардам. Ҳамчун шофёр корро сар карда, зина ба зина то ба дараҷаи сардори хоҷагии репродуктивии ин комплекс расидам. Таҷриба, ки доштам, баъд ба зодгоҳам – ноҳияи Пахтачӣ омада, корро сар кардам. Аслан, аз рӯйи ихтисос ман бинокор мебошам.
— Дар хоҷагӣ бо хӯрока таъмин кардани моҳиҳо чӣ хел ба роҳ монда шудааст? Мардум мегӯянд, ки ба ҳавзи моҳипарварӣ ҳар хел чизҳоро мепартоянд ва аз ҳамин сабаб гӯшти моҳӣ чандон болаззат нест…
— Не, барои таъмини хӯрокаи моҳӣ, аввало ҳавзҳои сунъиро дуруст сохтан зарур аст. Баъд дар худи ҳавз барои хӯрокаи моҳиҳо шароит ба вуҷуд овардан лозим. Дар давраи вегитатсионӣ – охирҳои моҳи март ва аввалҳои моҳи апрел, вақте, ки ҳарорати ҳаво аз 17 дараҷа боло мешавад, обсабзаҳо ривоҷ ёбанд. Ана ҳамонҳо, яъне, ҳар хел ҷонваракҳо ва дигар сабзаҳо базаи хӯрокаро ташкил мекунад. Яъне, моҳипарварӣ аз таҳияи базаи хӯрокаи табиӣ сар мешавад. Ба моҳиҳои капур ва пешонадӯнги чипор ғизои иловагӣ дода мешавад. Барои тайёр шудани моҳии яккилоии капур ва пешонадӯнг 2-2,5 килограмм еми омехта сарф карда мешавад.
— Дар хоҷагӣ харгӯшпарвариро ҳам ба роҳ монданӣ будаед? Дар ин бора ҳам каме маълумот медодед…
— Мо асосан бо моҳипарварӣ машғулем. Дар даруни он харгӯшпарвариро ҳам ба роҳ монданием. Харгӯшпарвариро мо ҳамин сол сар кардем. Ба Булғория рафта, таҷриба омӯхтем. Ҳоло парвариши 30 сар харгӯшҳои булғориро ба роҳ мондем. Агар бинои харгӯшпарвариро мувофиқи меъёрҳои зарурӣ созеду як хел ҳароратро нигоҳ дошта тавонед, аз харгӯшпарварӣ ҳам даромади калон гирифтан мумкин аст.
— Натиҷаҳои коратон чӣ хел аст? То ҳол чӣ қадар гӯшти моҳӣ истеҳсол кардед?
— Аз аввали сол то ҳол қариб 60 тонна моҳӣ фурӯхтем. Боз дар ҳавзҳо моҳиҳои тайёр дорем. То охири сол ба 67-70 тонна расонданро ният карда истодаем.
— Дар хоҷагии шумо чанд нафар кор мекунанд? Боз дар оянда чӣ хел нақшаҳо доред?
— Дар хоҷагӣ 6 нафар коргар дорем. Баъди гирифтани 9 гектари замини иловагӣ барои ҳавзи моҳипарварӣ боз ду нафарро ба кор мегирем. Дар соли 2019 сехи инкубатсионӣ сохтанием. Барои ривоҷи соҳаи сайёҳии экологӣ ба маблағи 2 миллиард сӯм корҳои сохтмони бинои ошхона, инфрасохтори роҳ, таъминоти об, газ, канализатсияро ба амал мебарорем. Барои сайдкунандагони моҳӣ бунёди 8 кемпинги хурд-хурдро ба нақша гирифтаем. Соли 2020 сохтмони яхдони 500-тоннагиро ба охир мерасонем. Сехи коркарди маҳсулоти моҳӣ низ дар нақша аст.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.