Роҳи ягона – пешгирии беморӣ

Роҳи ягона – пешгирии беморӣ

1-уми декабр рӯзи умумиҷаҳонии СНИИ аст. Мо бо духтур-эпидемиологи Маркази мубориза бар зидди СНИИ (Синдроми норасоии иммунитети инсон)-и вилоят Баён Темуров дар бораи роҳҳои паҳншавии беморӣ, нишонаҳои пайдоиш ва пешгирии он сӯҳбат оростем.
— Сараввал бигӯед, ки Рӯзи мубориза бар зидди бемории СНИИ кай пайдо шуд? Мақсад аз таъсиси ин рӯз дар чист?
— Ба таъсиси Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории СНИИ 30 сол пур шуд. Ин рӯзро дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон қайд мекунанд. Дар ин рӯз барои паҳн нагаштани ин бемории бедаво тадбирҳо мегузаронанд. Корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Бар асоси маълумотҳо, зарару оқибатҳои ногувори синдроми норасоии иммунитети инсонро ба самъи аҳолӣ мерасонанд.
— Ҳоло дар ҷаҳон чӣ қадар гирифторони бемории СНИИ ба қайд гирифта шудаанд? Оиди суръати афзоишу паҳншавии беморӣ баъзе маълумотҳо меовардед…
— Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар рӯйи замин қариб 40 миллион нафар ба ин касалии бедаво гирифторанд. Суръати паҳншавии он ниҳоят баланд аст. Ба ин беморӣ дар як соат бештар аз 300 нафар, дар як рӯз 7000 кас ва дар давоми 1 сол қариб 2 миллион нафар одам гирифтор мешаванд. Бо вуҷуди он, ки барои пешгирии ин беморӣ дар ҷаҳон кӯшишҳои зиёде харҷ мегарданд, ҳамон натиҷаи дилхоҳе ба даст наомадааст. Сабабаш дар он аст, ки бар зидди инфексияи СНИИ эмдору ва доруву дармони самарабахш кашф нашудааст. Илова бар ин, назорати манбаи инфексия ва роҳҳои сирояти он хеле душвор мебошад.
— Бо кадом роҳҳо ин беморӣ ба одамон сироят мекунад? Нишонаҳои пайдоиши беморӣ чӣ хел мебошанд?
Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки вируси норасоии иммунитети инсон дар таркиби хун, дар таркиби моеъ­ҳои органҳои ҷинсӣ ва дар таркиби шири модар мавҷуд буда, онҳо хеле хатарнок ба ҳисоб мераванд. Одамоне, ки ба ин касалӣ гирифтор мегарданд, аввал худро солиму бардам ҳис карданашон мумкин аст. Чунки вирус номаълум дар бадани одам реша медавонад. Баъдтар, он шадидтар гардида, ба бемории дигари сахт гирифтор сохта, одамро аз по меафтонад. Нишонаҳои аввалини ин касалии бедаво: беҳуда ва бесабаб гармшавии ҳарорати бадани одам. Он то як моҳ давом карданаш мумкин аст. Эҳтимоли аз як моҳ зиёд сулфа кардани бемор ҳам вуҷуд дорад. Беасос вазни баданаш кам шуда, бесабаб 1-2 моҳ дарунрав мешавад. Лимфағадудҳои гардан, зери китф ва байни пойҳояш калон мешавад. Бояд ҳар каси ин нишонаҳоро мушоҳидакарда, сари вақт ба духтурон муроҷиат намояд ва хуни худро аз санҷиши лабораторӣ гузаронад. Ягона роҳи муайян кардани ин беморӣ санҷиши лабораторӣ аст.
— Барои пешгирии ин беморӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии он, дар миқёси кишварамон ва вилоят, албатта, чораву тадбирҳои муфид андешида шудаанд. Агар бемалол бошад, дар ҳамин хусус ҳам каме истода мегузаштед.
— Дар мамлакати мо барои аз инфексияи норасоии иммунитети инсон огоҳ намудани аҳолӣ ва бурдани чораву тадбирҳои самараовар аз ҷониби Президенти мамлакатамон аз санаи 22-юми июни соли 2018 таҳти рақами ҚП-3800 Қонун “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оиди мубориза бар зидди паҳншавии беморие, ки вируси норасоии иммунитети инсонро ба вуҷуд меорад ва профилактика намудани инфексияҳои дохилии беморхона” қабул гардид. Тибқи он, барои ҳар як ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ чораву тадбирҳои мақсаднок нишон дода шудааст. Барои иҷрои қонун ва қарорҳои давлату ҳукумат маблағ ҷудо гардид. Аз ҷумла, лабораторияи Маркази мубориза бар зидди бемории СНИИ-и вилоят бо техникаву таҷҳизоти навтарин ва дорувориҳои ташхисӣ таъмин карда шуд. Дар давоми 10 моҳи гузашта бо усули ташхиси лабораторӣ муайян кардани беморӣ ташкил гардид. Дар он 268761 нафар аҳолии вилоят (57159 нафар арӯсу домод, 21296 нафар ходими тиб, 43056 нафар муҳоҷири меҳнатӣ, 69562 нафар зани ҳомиладор) иштирок карданд. Миқдори онҳо нисбат ба соли гузашта зиёданд, ки гирифторони беморӣ андаке кам гардидаанд.
— Шумо ҳамчун мутахассиси ин соҳа барои ба ин беморӣ гирифтор нашудани одамон чӣ гуна маслиҳатҳо медиҳед?
— Аввало, ходимони тиб бо ҳамкории фаъолонаи ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо, ходимони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, таълими халқӣ, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра дар байни мардум доир ба пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат диҳанд. Шахсони никоҳшаванда бояд пурра аз санҷиши тиббӣ гузаранд. Дар сартарошхона, салонҳои зебоии занон ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ қатъӣ риоя намоянд. Дас­ти писарбачаҳо дар духтурхонаҳо ҳалол карда шавад. Ба нашъамандон ва онҳое, ки ҳаёти номураттаб доранд, эътибор сахттар гардад.

Ҳамаи мо бояд бидонем, ки бемории СНИИ асосан бо се роҳ ба одам мегузарад:

Бо роҳи поренталӣ, яъне дар вақти гузарондани хун ва гузарондани узвҳои беморони СНИИ.
Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ.
Бо роҳи вертикалӣ — ҳангоми таваллуд кардани занҳои гирифтори бемории СНИИ ва маконидани кӯдак.

Мусоҳиб
Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.