Моҳонаи фан

Моҳонаи фан

Мо ҳар рӯз дар ҷараёни суханронӣ ҳазорҳо калимаҳоро истифода мебарем. Бино ба фикри мутахассисон барои омӯхтани ягон забони хориҷӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаамон зуд-зуд ба он мулоқот карда истоданамон лозим аст. Зеро дар забономӯзӣ танҳо дониши назарӣ кифоят намекунад. Мо дар аввал ҳангоми суханронӣ бо забони хориҷӣ танбалӣ карда, шарм медорем.
Мо дар машғулотҳо аз усулҳои замонавӣ истифода мебарем, ки барои зуд аз худ намудани мавзӯъ барои хонандагон имконият фароҳам меорад. Дар дарс хонандагон аз калимаҳои медонистаашон фоида бурда, суханронӣ мекунанд. Дарсро дар асоси бозиҳои гуногун мегузаронем. Чунин методи дарсдиҳӣ самараи хуб медиҳад. Инчунин, ба хонандагон мустақил кор карданро меомӯзонем.

Мадина МАРДИЕВА,
омӯзгори фанни забони русии мактаби таълими умумии рақами 51-и ноҳияи Иштихон.