Андеша ва розҳо

Андеша ва розҳо

ДАРДИ МАН ТАСАЛЛӢ БИЁБАД
Он гоҳ ки хаданги оташини барқ чок кунад дили абрҳои ситабрро ва осмони соф аз пайи он падид ояд, ман тасаллӣ биёбам. Ҳар вақте ки навошиқон ба муроди дил би-расанд, кӯдакони гирён бишаванд хандон, афтодаеро бигиранд даст ва кӯмак бикунанд, дарди ман тасаллӣ биёбад, дилам шавад рӯшан…

ДАР ДИЛИ ИНСОН
Ҳам шайтанат ва ҳам ҳақпарастӣ ҳаст дар дили инсон. Инсонҳо бошанд, яке мубориза барад бо ҳияли шайтон, ниҳодро пок созад, дигаре бо роҳи шайтон рафта бишавад расво.

ДАР НАБАРДАМ
42 сол аст, ки дар панҷаи дардам, дар оташи беморӣ бисӯзам ман, кист кӣ бипурсад ҳол аз ман? Бекасӣ боз як дард аст, ки маро биафканад ба кӯраи оташи дард.
Худоё, Худовандо, бипурсам аз даргоҳи ту осоиш, оромиш, аммо синнам аз шаст гузашту он ҳам пайдо нашуд.

АГАР ТУ БИПАРВАРӢ БО МЕҲР…
Агар ту бо меҳр табобат бикунӣ дили шикастаи инсонеро, дар ҳимоят, сарпарастӣ бигирӣ пири бекасеро, кӯдаки ятимеро, ту бишавӣ инсони ҳақиқӣ.
Намояндаҳои барҷастаи адабиёт ба мисли устодон Фазлиддин Муҳаммадиев, Чингиз Айтматов ва дигарон, меҳру муҳаббат доштанд ба бани башар, бихӯрданд ғами он. Азбаски чунин буданд, гардиданд санъаткорони беҳамто, инсонҳои бузург.

ҚАЛАМ, ИФШО БИСОЗ РОЗҲОЯМ
Қалам, ҳамнафаст, ғамгусори манӣ, ифшо бисоз розҳои ман, бигӯ сухан ба мардум аз сӯзи дили пурдардам. Бигӯ ки чӣ рӯзҳои сахт, бахтбаргаштагиро кардам пушти сар.

ДАР ЁДИ МАН ҶАВОНИСТ
Дар ёди ман аст ҷавонӣ, баҳори умр сарсабз монда, гарчанде, ки он нашавад такрор. Ҷавонӣ бо ҳама шӯру исён, ошӯбҳояш дар хотири ман зинда аст…
Дар ёди ман ҷавонӣ — баҳори умр нақш гардида. Он ҳам нопадид шавад бо падруд гуфтани ман дунёи даргузарро.

МОДАР – ЗОТИ МУҚАДДАС
Ҳаёт пойдор аст дар сайёраи мо ба шарофати модар. Модар –зоти муқаддас аст. Бипарварад дар ҷон тифлро, модар, вай зоти олӣ аст. Шабзиндадориҳо аст модарро дар сари гаҳвораи фарзанд — модар зоти пок аст…

КӢ БОҚУдРАТТАР АСТ?
Равшанӣ бисозад чок дили зулмотро. Некиву некӯкорӣ рӯшан созад дунёро. Пас чӣ бо қудраттар аст: рушанӣ ва некӯкорӣ ё торикиву бадниҳодӣ?

Ӯктам ИБРОҲИМ.