Аниси кунҷи танҳоӣ

Аниси кунҷи танҳоӣ

Дар мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳияи Самарқанд тақдимоти китоби «Бонувони хонадони Гулханӣ»-и Маликаи Бахтиёр баргузор гардид. Тадбирро хонандагони аълохони мактаб Руҳангез Муҳиддинова ва Шаҳзода Тӯрақулова сарварӣ карданд.
Хонандагон аввало дар бораи китоб маълумот дода, ҷойҳои ибратбахшу хотирмони китобро ба ҳозирон хонда доданд. Баъд аз эҷодиёти Ориф Гулханӣ шеърҳо қироат намуданд.
Дар қисми бадеии тадбир Руҳангез Муҳиддинова ва Азиза Аҳророва ҳунари сарояндагиву раққосии худро бо маҳорати баланд намоиш доданд.
Хонандагон якҷоя бо аҳли толор шеъри «Андиҷонӣ»-и Ӯлмас Саъди Ёқубзодаро бо оҳанг ҳамчун суруд қироат карданд.
Дар охир таъсисгари Хона – музейи Ориф Гулханӣ Муқимҷон Орифӣ ба сухан баромада, оиди тадбири имрӯза фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд ва ба хонандагон гулҳои рангорангу китоби «Бонувони хонадони Гулханӣ»-ро тақдим кард.
— Мактаби мо бо Хона – музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Мо борҳо ба тамошои осорхонаи устод рафта будем. Ин тадбири дуввумини мост, ки ба ҳаёту фаъолияти аъзоёни ин хонадон бахшида мешавад. Умед дорем, ки дар оянда ин ҳамкориву алоқаи адабии мо боз ҳам мустаҳкамтару қавитар мегардад, — гуфт муаллими мактаб Мансур Норов.