Мактабҳои Япония фаррош надоранд

Мактабҳои Япония фаррош надоранд

Таълиму тарбияи кӯдакон дар Япония аз Аврупо батамом фарқ дорад. Аксар фикр мекунанд, ки шояд ҳамин омил сабаб шуда бошад, то Япония ба яке аз давлатҳои муваффақу пешрафтаи ҷаҳон табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки мактаббачагони Япония то синфи чорум имтиҳон намесупоранд. Танҳо мустақилона иншои хурд менависанд. Зеро, ба ақидаи мардуми ин кишвар, дар се соли аввал гирифтани дониш муҳим нест. Аз ин рӯ, онҳо тарбияро афзалтар медонанд. Яъне, пеш аз ҳама, ба кӯдакон ҳурмату эҳтиром намудани дигарон, меҳрубонӣ, олиҳимматӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист омӯзонда мешаванд.
Нуктаи дигари муҳим он аст, ки мактабҳои Япония фаррош надоранд ва хонандагон худашон бо навбат синф­хона ва долонҳоро тоза менамоянд. Ҳамин тавр, онҳо аз хурдсолӣ ёрӣ расондан ба ҳамдигар, меҳнати коллективона ва ба қадри меҳнати дигарон расиданро меомӯзанд.
Таълим низ дар Япония хусусиятҳои худро дорад. Кӯдакон, аллакай, дар синф­ҳои ибтидоӣ барои гирифтани роҳхат ба мактаби миёна ва болоӣ дар мактабҳои хусусӣ дарс мегиранд. Дар онҳо дарсҳо бегоҳирӯзӣ ва ҳатто, рӯзҳои истироҳативу ҳангоми таътилҳо гузаронда мешаванд. Ҳамин аст, ки давомоти мактаббачагони Япония 99,99 фоизро ташкил мекунад, ки дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб меравад.