Илҳомҷон – чемпиони ҷаҳон

Илҳомҷон – чемпиони ҷаҳон

Дар мусобиқаи асосии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар байни писарон ва духтарон (солҳои таваллуди 2000-2004 ва 1998-1999), ки дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон баргузор гардид, дар байни дастпарварони мактаб-интернати захираҳои олимпии шаҳри Самарқанд (директораш Рустам Маҳмудов), шогирди Устоди спорти дараҷаи байналхалқӣ Мирсаъдӣ Шодиев Илҳомҷон Фармонов ҳам иштирок дошт. Вай дар тамоми зинаҳои мусобиқа иштирок карда, дар байни аъзоёни командаи мунтахаби Ӯзбекистон ягона медали тиллоиро ба даст овард.
Самбочии самарқандӣ дар қувваозмоиҳо бо Нурислом Асаналиев (Қирғизистон), Давид Исрайэян (Арманистон), Бахит Саилайов (Қазоқистон) ғолиб омада, ба зинаи финалии мусобиқа баромад. Дар финал бо варзишгари муғулистонӣ Золжаргал Бодигерел ба рӯйи гилем баромада, дар муборизаи пуршиддат бо ҳисоби 3:1 дастболо гардид.
— Ман 11 сол боз аъзои яккачини командаи Ӯзбекистон мебошам, — бо ифтихор гуфт устоди чемпион Мирсаъдӣ Шодиев. – Дар ҳайати команда дар чемпионатҳои байналхалқӣ, Осиё ва ҷаҳон иштирок доштам. Соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуда бошам, ки медали тиллоии мусобиқаи ҷаҳонӣ насибам нагашта буд. Ман тамоми умр чунин ғалабаро орзу мекардаму он ба шогирдам насиб гардид. Аз ин ниҳоят шодам ва акнун ба мусобиқаҳои минбаъда тайёрӣ мебинем.

Ҷ.ҶАББОРОВ.