Рӯзи дарҳои кушод

Рӯзи дарҳои кушод

Дар муассисаи таълими томактабии рақами 23-и ноҳияи Самарқанд рӯзи дарҳои кушод шуда гузашт.
— Мақсади асосии гузаронидани тадбир аз муайян намудани вазифаи тарбиятгари бачаҳо ва ба ҳаёт татбиқнамоии он иборат мебошад, — гуфт мудираи муассисаи мазкур Шаҳноза Шодиева. – Ин хел муносибат барои ривоҷи интеллектуалии тарбиягирандагон хизмат мекунад.
Дар доираи рӯзи дарҳои кушод педагогҳо машғулоти дидактикиро дар шакли бозиҳои шавқовар: «Сечароғи роҳ», «Мактаби авто», «Аломати ҳаракати роҳро дон!» ва «Пиёдагардҳо ва ронандаҳо» гузаронданд.
Инчунин, машғулоти «Мозаикаи геометрӣ» барои афзудани дониши фигураҳои геометрикии бачаҳо ёрӣ расонид.

Ҷамшеди АСРОР.