«Арӯси истанбулӣ»

«Арӯси истанбулӣ»

(Ҳаҷвия)

Аҳли гузари Тутистони мо на танҳо аҳлу тифоқ, балки кордону чолоканд. Ҳафтаи гузашта, наздики соати чори субҳ Назарбобои наваду дусола ногаҳон ҷон ба ҷонофарин супурданд. Азбаски он рӯз ҷумъа буд, хешу таборони бобо ва ҳамгузарони чаққони мо баъди иҷрои тамоми қоидаву қонунҳои суннатӣ майитро ба масҷид бурда, пешинӣ пеши намоз гузоштанд.
Назарбобо дар хокдон ором ба хоб рафтанд, аммо писару духтарон, келину домодҳо, набераю абераҳои он кас ҳама серкор шуданд. «Пул раваду обрӯ наравад» гӯён яке сатил дар даст сӯйи бозор медавид, дигаре аз нонвойхона нони бисёре меовард, зеро маъракаҳои бешумори «шаби китобхонӣ», «бегоҳи се», «бегоҳи ҳафт», «бегоҳи ҷумъа», «бегоҳи душанбе», «бист» ва «чил» дар пеш буданд.
Шоми аввал аз рӯйи таомул мо – даҳ — дувоздаҳ нафар ҳамсояҳо барои гӯш кардани китобхонии бибихалифа дар даст табақҳои оши палаву самбӯса сӯйи азохона мерафтем. Ҳанӯз дар роҳ будем, ки ҳамсояамон Сарвинозхола гуфт:
— Кошкӣ Назарбобо боз як рӯзаки дигар умр дида, фардо аз олам мегузаштанд. Имшаб дар телевизион соати ҳафту даҳ дақиқа қисмати чилу дуюми филми «Арӯси истанбулӣ»-ро намоиш медиҳанд. Агар китобхонии бибихалифа тӯл кашад, намебинему дар армон мемонем.
— Дугона, — гуфт Фаридаи муаллима, — як қисмати ин киноро набинӣ, боке нест.
— Се рӯз аст, ки интизори дидани давоми филм ҳастам. Ин хел кинои шавқоварро хеле боз надидем. Чунон ҳаётӣ ки…
Сӯҳбаткунон дар як дам ба азохона расидем. Ҳанӯз, ба дарвозахонаи Назарбобои раҳматӣ надаромада, садои марсияхонии Маҳтоб–бибихалифа ба гӯш расид, ки мегуфт:
– Шумо болу парам будед, куҷо рафтед, падарҷонам?
Шумо тоҷи сарам будед, куҷо рафтед, падарҷонам?..
Садои бибихалифа мисли овози баъзе мардҳо беҳад баланд ва хеле нофорам буд. Мо бо тартиб вориди хона гашта, аз як тарафи хони пур аз нозу неъмат нишастем. Гӯё ҷашни Назарбобо бошад, рӯйи дастархонро бодоми Намангон, пистаи Эрон, самбӯсаи Мӯлиён, шириниҳои Чорраҳа оро медод.
— Хуш омадетон, гиретон, ба дастархон меҳрубон бошетон, — гуфт ходими гузар Сурайёхола. — Бобо одами табаррук буданд.
«Илоҳи ҷойи Назарбобо ҷаннат шавад» гуфтему ҳама машғули самбӯсахӯрӣ шудем.
Ҳамин дам ҳамсояамон Нафиса-духтур, ки дар паҳлӯи ростам менишаст, оҳиста ба гӯшам гуфт:
— Қиссаи бибихалифа шудани Маҳтобхоларо медонед? Вай дар ҷавонӣ савдогари номӣ буд. Аз шаҳрҳои дур бор оварда, дар дӯконаш мефурӯхт. Нохост, намедонам, чӣ ҷинояте карду ба маҳбас афтод. Зани доно ду соли умрашро дар маҳбас беҳуда нагузаронда, хондани китобҳои қадимаро омӯхту бибихалифа шуд. Шояд медонист, ки ин касб аз сад тиҷорат сердаромад аст. Нигоҳ кунед, — ба лаълии пур аз матои гаронбаҳо, нону ширинӣ ва пули бисёри назди бибихалифа ишора карда гуфт Нафиса, — танҳо дар рӯзи аввал аз мурдахона чӣ қадар пулу чиз мебарад.
Пул лаҳза ба лаҳза зиёд мегашт. Аз рӯйи таомул соҳибони хона, хешу таборон ва меҳмонони аз дуру наздик омада ба китобхон пулҳои даҳҳазорию панҷҳазорӣ ҳадя мекарданд. Аз ин хайру эҳсони мардум илҳоми бибихалифа ба ҷӯш омада, мисли булбули сармаст чаҳ-чаҳзанон марсия мехонд:
— Дод аз дастат, аҷал,
Бедод аз дастат, аҷал.
Оҳ, нагаштем лаҳзае
Дилшод аз дастат, аҷал…
Бибихалифа гӯё ба тӯйхона омада бошад, дар даст чор ангуштарин ва дастпонаи ғафси тилло дошт. Вай аз ризқу рӯзии худодода гул барин мешукуфт. Чашмони ҳарисаш аз ғояти шодӣ медурахшиданд.
Ман банди тамошои халифа будам, ки Сарвинозхола аз нӯги остинам кашида, пичиррос зад:
— Уф-ф! Ин марсияхонӣ то соати чанд давом мекарда бошад? Баъди понздаҳ дақиқа филми «Арӯси истанбулӣ» сар мешавад.
Аз байн лаҳзае нагузашта, садои занги телефони дастии бибихалифа баланд шуд. Маҳтобхола зуд аз сумкачааш телефонашро гирифта гуфт:
— Аллё, келинмулло, тинҷи-мӣ? Воқеан имрӯз ҷумъа-а? Тамоман сериали туркӣ аз ёдам рафтааст. Чанд дақиқа монд? Ман ҳозир, ҳозир меравам…
Бибихалифа телефонро хомӯш карда, бо табассум сӯйи мо нигариста гуфт:
— Шумо ҳам филми «Арӯси истанбулӣ»-ро мебинед? Чилу як серияи ин кинои туркиро бо завқ тамошо кардам. Имшаб қисми аз ҳама шавқовараш, албатта бояд онро бубинам.
Маҳтобхалифа бо ишорае ба ходим фаҳмонд, ки чизҳои рӯйи лаълиро ҷо ба ҷо кунад ва худ ба ғундоштани дафтару китобаш машғул шуд.
Сурайёходим аввал пулҳои рӯйи лаълиро байни матои хушранг гузошту баъд онро бо нону фатиру шириниҳо ба халтаи калони салафанӣ андохт ва бибихалифаро то дами дарвоза гусел кард.
Баъди лаҳзае мо-ҳамсояҳо низ «руҳи бобо шод бошад» гуфтему аз ҷо бархостем. Роҳравон яке мегуфт:
— Хайрият, ки имшаб кино будааст. Вагарна то нисфи шаб бибихалифа «Дод аз дасти аҷал» гӯён, дилҳоямонро об мекард.
Дигаре мегуфт:
— Бечора азодорҳо аз соати чори субҳ сари поянд, ҳама хастаю лакот шуданд. Канӣ қуввату ҳавсала, ки ба марсияхонӣ гӯш кунанд.
Дар айвон байни кафшҳои зиёд кафшамро меҷустам, ки лаълӣ дар даст ду наберакелини Назарбобо шитобон ба хона даромаданд. Ногоҳ аз тиреза овози онҳо ба гӯшам расид, ки мегуфтанд.
— Зуд бошед. Дастархонро даррав меғундорему дар хонаи поён «Арӯси истанбулӣ»-ро мебинем. Хуб шуд, ки занҳо даррав «омин» гуфтанд. Вагарна аз кинои зӯр маҳрум мешудем.