Тарғиби қарори Президент дар Пайариқ

Тарғиби қарори Президент дар Пайариқ

Шӯрои ноҳияи Пайариқи Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Амирхон газ сервис”-и ноҳия бахшида ба тарғиботи қарори Президентамон “Дар бораи чораву тадбирҳои муҳайё намудани шарту шароитҳои иловагӣ оиди ривоҷдиҳии комплексҳои гарм­хона” тадбир ташкил кард.
Дар тадбире, ки вакилони соҳаҳои дахлдор, ходимони шӯрои ноҳиявии ҳизб, тадбиркорон ва фермерон иштирок карданд, масъалаҳои босуръат ривоҷдиҳии ҳоҷагиҳои гармхона, зиёд намудани ҳаҷми парвариш ва экспорти маҳсулоти меваву сабзавот, зиёд намудани самаранокии истифода аз ресурсҳои об муҳокима карда шуд.
— Дар моҳи марти соли ҷорӣ гармхонаи 1,1-гектарае, ки ба сарфакории энергия ва обёрии чакрагӣ асос ёфтааст, барпо намудем, — гуфт роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Амирхон газ сервис» Шаҳриёр Турсунов. – Ба 1 гектар майдон бодиринг корида, парвариш намудем. Бодирингҳо ба ҳосил даромаданд, рӯзҳои наздик ҳосилро ғундошта, ба фурӯш мебарорем.
Дар поёни тадбир иштирокчиён бо фаъолияти гармхона шинос шуданд.