Боздошти асбобҳои тиббии 23-миллионсӯмина

Боздошти асбобҳои тиббии 23-миллионсӯмина

дар Аэропорти байналхалқии Самарқанд

Ҳангоми аз назорати боҷхонаи Аэропорти байналхалқии Самарқанд гузаштани шаҳрванд А.Г., ки ба воситаи авиарейси “Домодедово-Самарқанд” парида омада буд, маълум гардид, ки ба маблағи 23-миллион сӯм асбобҳои тиббиро дар декларатсияи боҷхона қайд накардааст. Аз рӯйи ҳолати аниқгардида аз ҷониби ходимони боҷхона бо иштироки холисон оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баённомаро расмӣ намуданд.
Мувофиқи хулосаи корхонаи давлатии унитарии “Экспертизаи воситаҳои доруӣ, ашёи тиббӣ, техникаи тиббӣ ва Маркази давлатии стандартикунонӣ”-и назди Вазорати ҳифзи тандурустӣ, асбобҳои тиббии мазкур аз сабаби литсензияи қонунӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат надоштан, амал накардан ба шароити ҳифз, барои ба мамлакат даровардан, фурӯхтан, истифода дар амалиёти тиббӣ рухсат дода нашуд.
Тибқи қисми 1-уми моддаи 22719 ва қисми 1-уми моддаи 22722-и Кодекс оид ба ҷавобгарии маъмурӣ шаҳрванд А.Г. барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор дониста шуда, мувофиқи моддаи 34-и Кодекси мазкур ба миқдори ду баробари камтарин музди меҳнат ҷазои ҷаримавӣ таъин гардид. Асбобҳои гирифташуда ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
Аз оғози соли ҷорӣ дар пости сарҳадии боҷхонаи мазкур гирифта гузаштани ба миқдори 240 миллион сӯмина 15968 дона асбобҳои тиббӣ ва воситаҳои доруии корношоям пешгирӣ карда шуд.

Лазиз ҚАҲҲОРОВ,
инспектори калон-пурсишгари
пости боҷхонаи сарҳадии
“Аэропорти Самарқанд”.