Чаро сӯхтор сар мезанад?

Чаро сӯхтор сар мезанад?

Давлатамон барои пешгирии сӯхторҳо чораву тадбирҳои назаррасро ба амал тадбиқ мекунад. Аз ҷумла, қарорҳои Президент «Дар бораи куллан такмил додани фаъолияти қисми бехатарии сӯхтори Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар 23-юми майи соли 2017 ва «Ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта – рӯзи профилактикаи сӯхторҳо» аз 20-уми сентябри соли 2017 қабул гардида буданд. Барои иҷрои ин қарорҳо таҳти рақами 708 аз санаи 11-уми сентябри соли 2017, қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қабул шуд ва мувофиқи он дар ҳар як вилоят, шаҳр ва назди ҳокимияти ноҳияҳо «Комиссияи бехатарии сӯхтор» ташкил гардида, имрӯзҳо дар ин самт корҳои иҷобӣ бурда мешавад.
Дар давоми соли 2017 дар ҳудуди вилояти Самарқанд 1297 сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа 19 шаҳрванд ҳалок ва 51 нафари дигар ҷароҳат гирифтанд. Дар худи шаҳри Самарқанд бошад, дар давоми соли гузашта 303 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин сӯхторҳо як нафар ҳалок гашта, 8 нафар ҷароҳатнок шуданд.
Бо вуҷуди пеш бурдани корҳои зиёди профилактикӣ ҳамон сӯхторҳо сар мезанад.
Ҳангоми таҳлили сабабҳои асосии сарзании сӯхторҳо маълум гардид, ки 78 фоизи он дар хонаҳои шаҳрвандон содир мегардад ва асосан аз сабаби гиронда беназорат гузоштани газ ва ускунаҳои барқӣ аст.
Фаромӯш накунем, ки:
1. Харидан ва гузоштани асбобҳои гармидиҳии ғайристандартӣ ва дар устохонаҳо сохташудаи бесертификат;
2. Барои ҷобаҷогузории асбобҳои барқӣ аз ёрии мутахассис истифода набурдан ва худдонамӣ кардан;
3. Нодуруст сохтан ва гузоштани мӯрии печҳо;
4. Набудани мӯриҳои ҳавокашӣ дар болои плитаҳои газӣ;
5. Ҳангоми истифодаи баллони газ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя накардан ва ғайра боиси сарзании сӯхторҳо мегарданд.

Сироҷ ЗОИРОВ,
нозири шӯъбаи бехавфии
сӯхтори шаҳри Самарқанд.