Қарздории беасос бекор карда шуд

Қарздории беасос бекор карда шуд

Сокини ҷамъомади шаҳр­вандони маҳаллаи “Намозгоҳ”-и ноҳияи Пастдарғам Шӯҳрат Абдуллоев ба “телефони боварӣ”-и Федератсияи ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиён муроҷиат намуд.
Шаҳрванд аз 5 миллиону 380 ҳазор сӯм қарзе, ки аз гази табии “Таъминоти газ”-и ноҳия қайд кардааст, норозигии худро баён кард.
Муроҷиати мазкур аз тарафи мутахасисони ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиёни ноҳияи Пастдарғам мувофиқи тартиби муайяншуда омӯхта шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки қарзи истеъмолчӣ дар асл 1 миллиону 380 ҳазор сўм аст.

Дилшода ДАУЛЕТБАЕВА,
сармутахассиси Федератсияи ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиёни Ӯзбекистон.