Ҳеҷ кас аз эътибор берун намемонад

Ҳеҷ кас аз эътибор берун намемонад

Рӯзи 3-юми ноябр дар Театри драмавии мусиқии вилоят бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ногироҳо марафони хайрия баргузор гардид.
Дар он роҳбарони корхонаву идораҳо, вакилони ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ ва ҷамоатчигии васеъ иштирок карданд. Ҷонишини ҳокими вилоят Шӯҳрат Қулматов дар баромади худ таъкид намуд, ки дар мамлакатамон бештар аз 600 ҳазор нафар ногироҳо умр ба сар мебаранд. Ба туфайли ғамхории Президенти мамлакатамон, ки оиди дастгирии иҷтимоии ногироён, ба хондан ба мактабҳои олӣ ва кор фаро гирифтани онҳо ду қарору як фармон қабул карда шуд. Ҳамаи инҳо барои таъмин кардани баробарҳуқуқии онҳо дар ҷамъият заминаи мусоиде фароҳам меорад.
— Дар чунин як замони фаровонӣ ва тинҷу осоиштагӣ ягон ногиро набояд дилмонда шавад, — гуфт дар баромади худ раиси шӯъбаи вилоятии хазинаи «Нуронӣ» Ҳасан Норбеков. – Ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, ки дар рӯйхати «Нуронӣ»-ҳо ҳастанд, ногирои гурӯҳи якуманд. Онҳо пир ва бистарӣ шудаанд. Шумораи иштирокчиёни ақибгоҳи фронт ҳам кам мондаанд. Мо ҳамеша онҳоро дастгирӣ мекунем. Барои мавсими тирамоҳу зимистон ба 100 нафар сару либоси гарм ва боз ба 100 нафари дигар маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта додем. Дар мамлакати мо ҳеҷ гоҳ ин хел инсонҳо, ки ногиро ва ё имконияти ҷисмониашон маҳдуд аст, аз эътибор дур намемонанд.
Сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, раиси Ҷамъияти ногироҳои вилоят Дилмурод Пардаев, имом-хатиби вилоят Зай­ниддин Эшонқулов ҳам дар суханрониҳои худ дар бораи дастгирии ногироҳо, ғамхорӣ кардан, меҳру мурувват сухан ронданд.
Дар тадбир ба ду ногиро Асадулло Шукруллоев ва Раҳим Азимов нишони сарисинагии дараҷаи дуввуми «Фахрии меҳнат» супурда шуд.
Да ҷамъомад ба бисёр ногироҳо аробачаҳои ногироӣ, аппаратҳои шунавоӣ ва тӯҳфаҳои дигар супорида шуданд.
Чунин тадбирҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор гардиданд.

Б.ҶУМЪАЕВ.