Конститутсия-мизони аҳлу тифоқии оила

Конститутсия-мизони аҳлу тифоқии оила

Дар мамлакатамон барои таъмини мустаҳкамии оила, дар шуури ҷавонон ҷойгир кардани муқаддасии оила ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо корҳои самаранок амалӣ мегарданд. Беқиёс будани мавқеи оила дар тараққиёти ҷамъият, тарбияи авлоди маънан баркамол ва ҷисмонан солим ҳақиқати оддии ҳаётӣ аст.
Мафҳуми оила ба Конститутсияамон дохил ва мақоми он дар идораи ҷамъият ба таври қатъӣ муайян гардид. Дар моддаи 63-юми Қонуни асосиамон ин ифодаи худро ёфтааст. Дар он қаёд гардидааст, ки оила қисми асосии ҷамъият буда, ҳуқуқ дорад дар ҳимояи давлат ва ҷамъият бошад. Инунин, асоси никоҳ розигии ихтиёрии тарафҳо ва баробарҳуқуқӣ мебошад.
Ба оила бахшида шудани боби алоҳидаи Конститутсия­амон ва равшану возеҳ муайян гардидани мақоми иҷтимоии он воқеияти комёб аст, ки дар сарқонуни давлатҳои дунё вомехӯрад.