Дар вилоятамон меҳмонхонаҳои нав месозанд

Дар вилоятамон меҳмонхонаҳои нав месозанд

Бо қарори ҳокими вилоят аз 29-уми ноябри соли равон дар вилоятамон 30 (20-то дар шаҳри Самарқанд ва 5-тоӣ дар ноҳияҳои Самарқанду Ургут) меҳмонхонаҳои нав месозанд.
Дар қарор қайд шудааст, ки то 9-уми декабри соли равон барои сохтмони ин меҳмонхонаҳо қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад.
Қарори мазкур ба иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24-уми ноябри соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди инкишофи босуръати бизнеси меҳмонхона дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» бахшида шуда, дар он доир ба ривоҷи соҳа чанд вазифа муайян шудааст.
Аз ҷумла, барои расонидани ёрии амалӣ ба инвестор – тадбиркорон дар сохтмони меҳмонхонаҳо аз рӯйи лоиҳаҳои намунавӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда мешавад. Гурӯҳи корӣ вазифаҳоеро аз қабили ҷалб намудани тадбиркорони хориҷӣ ва маҳаллӣ барои сохтмони меҳмонхонаҳои сохтмонашон ба нақша гирифта шуда ва гузаронидани музокираҳоро бо онҳо амалӣ мегардонад.
Нақшаи корҳои маркетингӣ доир ба таъмин намудани фаъолияти меҳмонхонаҳо, ҷорӣ намудани сохтори самараноки брон кардани онҳо, тарғиботи хизматҳое, ки расонида мешаванд ва таълими ходимони меҳмонхонаҳо бояд дар давоми ду моҳ таҳия карда шаванд.