АВЛОДИ ҲАМАҶОНИБА БАРКАМОЛ – АСОСИ ОЯНДАИ БУЗУРГ, МЕҲНАТИ БУНЁДКОРОНАИ ХАЛҚ – АСОСИ ҲАЁТИ ФАРОВОН, ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ – КАФОЛАТИ ТАРАҚҚИЁТ

Маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони мӯҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Иҷозат диҳед, ҳамаи шумо, онҳое, ки дар ин қас­ри боҳашамат ҷамъ омадаанд ва дар симои шумо тамоми халқамонро аз самими қалб бо 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муборакбод намуда, ба шумо таманноҳои некамро изҳор намоям.
Конститутсияи мо чун таҷассуми равшани шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи бисёрмиллатаи Ӯзбекис­тон ҳамчун такягоҳи мустаҳками бунёди давлати демок­ратӣ ва ҷамъияти шаҳрвандӣ, дар арсаи байналхалқӣ ҷойи муносиб пайдо кардани мамлакат хидмат мекунад.
Дар ҳақиқат, роҳи ғоят мураккаб ва пуршарафи дар тӯли 26 сол тайнамуда аз қувваи ҳаётбахш ва салоҳияти бузурги Қонуни асосиамон далолат медиҳад.
Стратегияи ҳаракатҳо, ки дар асоси Конститутсия коркард шудааст, имрӯз дар ба дараҷаи нав, рушди инноватсионӣ ва индустриалӣ баровардани мамлакат нақши муҳим мебозад.
Мулоқоти доимӣ бо халқ, ҳаллу фасли мушкилоти одамон, қонеъ гардондани эҳтиёҷу талаботи онҳо ба маҳаки асосии фаъолиятамон табдил меёбад.
Ҳаёт нишон медиҳад, ки дар рафти татбиқи самарабахши ислоҳоти васеъмиқёси оғознамуда аҳамияти масъалаҳои мазкур баланд мегардад.
Маҳз аз ин рӯ амиқ омӯхтан ва дарк намудани Қонуни асосӣ, бечунучаро риоя намудан ба талаботи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Дар тӯли ду соли охир барои мо дар ҷамъият қарор додани устувории қадру қимати инсон ва ташаккул додани чунин низоми адлия, ки қодир аст ҳамеша адолатро таъмин намояд, вазифаи асосии мо гардид.
Бесабаб гузаштаи бузурги мо Соҳибқирон Амир Темур ба пештоқи қасри Оқсарой суханони ҳикматомези «Адолат – асоси давлат ва корнамоиҳои ҳукмдорони оқил» сабт накарда буд. Ин ғоя имрӯз низ аҳамияти муҳими худро гум накардааст.
Дар Форуми осиёӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ки моҳи ноябр дар Самарқанд баргузор гардид, сиёсатмадорони бонуфуз, олимону корбастҳои намоёни хориҷӣ ба корҳои дар ин самт дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ намудаи мо баҳои муносиб доданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки чорабинии мазкур нуфузу обрӯву эътибори Ӯзбекистонро дар ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт. Аз ҳама муҳимаш, Форуми осиёӣ ба таҷрибаи байналхалқии соҳаи ҳуқуқи инсон мафҳуми «рӯҳи Самарқанд»-ро ворид намуд.
Имрӯз дар мамлакатамон барои таъмин кардани ҳуқуқҳои қонунӣ ва озодии инсон корҳои назаррас амалӣ гардонда мешаванд.
Аз ҷумла, барои ба сифати далел истифода бурдан аз маълумотҳо, ки дар айбдоркунии шахс бо усули хилофи қонун ба даст оварда шудааст, ҷавобгарии қатъӣ муайян гардидааст.
Аз фурсат истифода бурда, бори дигар қайд кардан мехостам, ки дар шуури судя бояд танҳо як мақсад – адолат, дар забонаш – ҳақиқат, дар қалбаш покӣ қарор дошта бошад.
Ба ин муносибат дар суханони шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ: «Одамон, зулм накунед, боинсоф бошед, барои халқ «қасри адл», яъне «қӯрғони адолат»-ро бунёд намоед», то чӣ андоза маънои амиқ ниҳон аст.
Адолат кай тантана мекунад? Вақте ки мақомоти судӣ, судяҳо ба тамоюлҳои қонуният ва адолат қатъӣ риоя намуда, вазифаҳои худро ҳалол ва пок­виҷдонона адо мекунанд.
Дар тӯли ду сол дар ин соҳа, аз он ҷумла, бино бар таъмин кардани мустақилии судҳо чораҳои муҳим андешида шуданд.
Танҳо соли равон бино бар нокифоя будани далелҳо 1 881 парвандаи ҷиноӣ қатъ ёфт. 590 нафар шахс аз ҷониби судҳо сафед карда шуданд. Ҳол он ки, ин рақам дар соли 2016 – эътибор диҳед – буду шуд 28 то, дар соли 2017 бошад, 263-торо ташкил дода буд.
Ба ғайр аз ин, аз 5 462 нафар шахс таркиби ҷиноятҳои дар рафти тафтишот беасос пешбаришуда хориҷ карда шуда, 2 449 нафар шахс аз зали суд озод карда шуданд.
Амалиёти аз ҷониби судҳо дар тӯли солҳои зиёд такрорӣ баррасӣ намудани парвандаҳо қатъ ёфтанд.
Бо дарназардошти тамоюлҳои инсонпарварӣ низоми комилан нав ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа таҳти кафилии Иттифоқи ҷавонон, маҳалла ва кумитаҳои занон 993 нафар, аз он ҷумла 456 писару духтар ва 113 нафар занон, ки гумроҳона ба роҳи ҷиноят даромада, аз кирдорашон пушаймон шудаанд, озод гардиданд.
3 333 нафар шахсоне, ки муҳлати ҷазоро адо менамоянд, аз он ҷумла 646 нафаре, ки барои иштирок дар фаъолияти созмонҳои манъшуда ҳабс шудаанд, ба оғӯши оилаи худ баргаштанд.
Имрӯз ба муносибати ҷашн – Рӯзи Конститутсия Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба имзо расид, ки мувофиқи он 136 нафар шахсоне, ки дар айни ҳол ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан адо менамоянд, аз кирдорашон самимона пушаймонанд ва қатъӣ ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, авф гардиданд.
Беш аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки бо гурӯҳҳои диниву экстремистӣ алоқа доранд гӯён ба назорат гирифта шуда буданд, аз «ҳисобҳои махсус» бароварда шуданд.
Бино бар баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки гумроҳона ба таркиби созмонҳои манъшуда афтидаанд, самимона пушаймон мебошанд ва ба роҳи ислоҳ даромадаанд, Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис дода шуд.
Дар маҳалҳо барои омӯзиши сифатҳои шахсӣ ва касбии номзадҳо ба вазифаи судя комиссияҳои ҷамъиятӣ созмон дода шуданд.
Барои таъмин кардани адолат, рӯшодӣ ва шаффофии баррасии парвандаҳо дар судҳо низоми тақсимоти электронии парвандаҳо ҷорӣ карда шуд. Минбаъд, аз ҷониби кадом судя баррасӣ гардидани парвандаро барномаи электронӣ бидуни дахолати инсон муайян менамояд.
Ба мақсади таъмин кардани рӯшодӣ ва қонунияти фаъолияти судиву тафтишотӣ, инчунин кам кардани хароҷот ва дӯлобкории бюрократӣ низоми «парвандаи ҷиноии электронӣ» ва «пурсуҷӯйи масофавӣ» ҷорӣ карда мешаванд.
Ваколатҳои адвокатҳо дар таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон васеъ гардонда шуданд.
Ҳамаи ин натиҷаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқист.
Дар айни ҳол бояд низоми демократӣ ва шаффофи интихоби номзадҳо ба вазифаи судя, омӯзиши фазилатҳои шахсӣ ва касбии онҳо созмон дода шавад.
Аз ҷумла, аз ҷиҳати қонунгузорӣ мустаҳкам намудани чунин тартиботи ба вазифаи судяҳо бо назардошти афкори ҷамъият тавсия додани номзадҳоро мувофиқи мақсад мешуморам.
Низомеро бояд ҷорӣ намуд, ки бо он даъвогарони муносиб эътирофшуда камаш як сол таҳсил гирифта, ба вазифа аллакай ба сифати судяҳои омода таъин карда шаванд. Барои ин дар назди Шӯрои олии судяҳо ташкил намудани Мактаби олии судяҳоро пешниҳод менамоям.
Мутаассифона, баъзе судяҳо то ҳол қарорҳои ба тамоюлҳои адолат ҷавобгӯ набударо қабул менамоянд. Ин бошад, боварии шаҳрвандонро ба суди одил барбод медиҳад.
Аз ин рӯ баланд бардоштани маҳорату маданияти касбии худ, ҳамеша такя намудан ба қонун, тамоюлҳои адолат ва инсонпарварӣ – бояд вазифаи устувори ҳар як судя гардад.
Ҳар як қарорҳои аз ҷониби судҳо қабулшуда пеш аз ҳама адолатнок, қонунӣ ва асоснок бошанд. Танҳо ҳамон вақт одамон қатъӣ бовар мекунанд, ки дар ҳар гуна вазъият адолат тантана менамояд.
Соли ҷорӣ вазифа ва ваколатҳои бехатарии давлатӣ пурра аз нав мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба фаъолияти кормандони тамоми дараҷаҳо баҳои холисона дода шуданд.
Бори аввал Қонун «Дар бораи Хидмати бехатарии давлатӣ» қабул шуд, ки мувофиқи он вазифаи асосии хидмати махсуси аз нав таъсис додашуда ҳифзи боэътимоди манфиатҳои давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ муайян гардид.
Дар айёми пурҳаяҷони имрӯза, вақте ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм, сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ ва асосҳои иқтисодии мамлакатамон нигоҳ дошта мешаванд, аскару афсарони диловари Хидмати бехатарии давлатӣ бояд бо ҳар гуна қувваҳои вайронкор бемуросо мубориза баранд ва сипари боэътимоди ватанамон бошанд.
Чи хеле ки ба шумо маълум аст, ба қарибӣ ба мақсади санҷидани омодагии ҳарбии қӯшунҳои Вазорати мудофиа дар шаҳри Чирчиқ машқҳои саҳроӣ гузаронида шуданд. Онҳо нишон доданд, ки дар тӯли ду соли охир бино бар мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии мамлакатамон корҳои бузург амалӣ гардиданд. Мо ин корҳоро мунтазам ва дар миқёсҳои боз ҳам васеъ идома медиҳем.
Баробари ин ба мақсади таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандонамон бино бар ҷонибдории ҳамаҷонибаи зершӯъбаҳои қӯшунҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ як қатор чорабиниҳои самарабахш андешида шуданд.
Дар натиҷаи саъю кӯшиши мо бино бар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва сари вақт пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, пеш аз ҳама бо иштироки ҷомеаи васеъ дар ин ҷараён ҷинояткорӣ ба 36 фоиз кам карда шуд. Дар 3 205 ё ки беш аз 35 фоиз маҳалла соли ҷорӣ ягон хел ҷиноят содир нагардид.
Ба мақсади мустаҳкам кардани натиҷаҳои ба дастомада ин масъалаҳо, аз он ҷумла дар ҳаҷми пурра татбиқ намудани лоиҳаҳои «Шаҳри бехавф», «Ҳудуди бехавф» минбаъд низ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ самти устувор боқӣ мемонад.
Барои таъмин кардани ҳуқуқи озодона ҳаракат кардани шаҳрвандон, ки бо Конститутсияамон кафолат дода шудааст, мушкилоти дар қайдгузорӣ ва ба даст овардани виза ҷойдошта барҳам дода шуданд.
Ба туфайли содда гардондани тартиби додани виза ба шаҳрвандони 39 мамлакат, ҷорӣ кардани низоми визаҳои электронӣ соли ҷорӣ ба мамлакатамон қариб 4 миллион сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.
2 528 нафар шахсоне, ки солҳои дароз дар мамлакатамон зиндагӣ карда, ба рушди ҷамъият ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудаанд ва орзуи ҳамватани мо шуданро мехоҳанд, шаҳрвандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро гирифтанд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки бино бар пешгирӣ намудан ва муборизаи қатъӣ бурдан бо коррупсия, ки ба рушди давлат ва ҷамъият зарари ҷиддӣ мерасонад, боварии одамонро ба адолат барбод медиҳад, чорабиниҳои дақиқ қабул шуданд. Ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани 1 177 нафар шахсони мансабдор, ки чунин ҷиноятҳоро содир намудаанд, аз ин далолат медиҳанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди коррупсия ҳар қадар кӯшиш намоянд ҳам, бидуни муносибати оштинопазиронаи шаҳрвандонамон ба ин иллати нафратангез, роҳандозии назорати таъсирбахши ҷамоатӣ самарабахш мубориза бурдан бо ин иллат ғайриимкон аст.
Бо ин иллат на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як ҷамоа бояд муборизаи ҷиддӣ барад. Аз ин рӯ, дар ҳар як муассисаи давлатӣ бояд бино бар мубориза бар зиддӣ коррупсия соҳиби барномаи худӣ, дохилӣ бошад, ки назорати иҷрои онро ҷомеа амалӣ менамояд.
Чи хеле, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дар парлумони бисёр мамлакатҳо, аз он ҷумла ИМА, Русия, Бритониёи Кабир, Болгария, Юнон, Латвия, Эстония комиссия ва кумитаҳо оид ба мубориза бар зидди коррупсия фаъолият доранд.
Бо дарназардошти ин таҷрибаи пешқадам ва талаботи Конститутсияи мо, дар палатаҳои Маҷлиси Олӣ таъсис додани кумитаҳои мубориза бар зидди коррупсияро пешниҳод менамоям. Ба сифати мақомоти ҳокимияти намояндагӣ кумитаҳои мазкур бояд ба пурзӯр гардондани мубориза бар зидди коррупсия дар муассисаҳои давлатии тамоми дараҷаҳо мусоидат намояд.
Боз як масъалаи муҳим: айёме фаро расид, ки дар асоси инсонпарварӣ ва олиҳимматӣ, ки ба халқи мо хос мебошад, низоми таъмини ҳуқуқи шахсоне, ки ҷазоро адо намудаанд, такмил дода шавад.
Чӣ хеле ки маълум аст, Конститутсияи мо ҳуқуқи таҳсилро ба тамоми шаҳрвандон кафолат медиҳад. Ба ин муносибат дар муассисаҳои иҷрои ҷазо ҷорӣ намудани низоми таълими масофавӣ барои кӯмак ба шахсоне, ки ҷазоро иҷро менамоянд, дар мос гардидани онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ лозим аст.
Дар оянда дар асоси талаботи байналхалқӣ аз нав дида баромадани меъёрҳое, ки ҳуқуқи интихоботии шахсони аз озодӣ маҳкумшударо маҳдуд менамояд, мувофиқи мақсад мебуд.
Ҳамватанони мӯҳтарам!
Мақсади асосии Конститутсияи Ӯзбекистон фароҳам овардани шароитҳои муносиби зиндагӣ барои халқамон мебошад.
Дар натиҷаи ислоҳот дараҷаи ҳаёт ва даромадҳои воқеии аҳолӣ меафзояд.
Баробари ин дар соҳаи мазкур дар назди ҳукумат ва идораҳои марказии иқтисодӣ, инчунин ҳокимиятҳои тамоми дараҷаҳо вазифаҳои зиёд қарор доранд.
Худи ҳаёт собит менамояд, ки рушди самарабахши мамлакат ва баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ аз ҳисоби ҷонибдории соҳибкорӣ таъмин карда мешавад.
Дар Конститутсияи мо кафолатҳои озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи тамоми шаклҳои моликият мустаҳкам карда шудааст.
Аммо дараҷаи баланди иштироки давлат дар иқтисодиёт, бюрократия, мавҷуд будани мушкилот дар соҳаҳои андоз ва гумрук, низоми бонк ба баланд гардидани сармояҳои дохилӣ ва васеъ ҷалб намудани сармояи хориҷӣ монеъ мегарданд.
Чи хеле, ки файласуфи бонуфузи чинӣ Сун Сзи гуфтааст: «Аз ҳад зиёд пурзӯр гардондани андоз – ин роҳест, ки ба сӯиистеъмолӣ, давлатманд гардондани душман, бӯҳрони давлат меорад».
Солҳои дароз андозҳои баланд барои баланд гардидани ҳиссаи «сектори хуфиёна» дар иқтисодиёт шароит фароҳам оварданд.
Бо назардошти вазъияти ба миён омада мо ба мақсади рушди босуръати иқтисодиёт ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории мамлакатамон Консепсияи такмил додани сиёсати андозро қабул намудем.
Бино бар тайёр намудани он корҳои зиёд амалӣ шуданд. Лоиҳаи консепсия дар мамлакат бо иштироки ҷомеаи тиҷорат, идораҳои байналхалқии молиявӣ, корбастҳои бонуфуз аз баррасии васеъ ва ҳамаҷонибаи ҷомеа гузашт.
Дар асоси Консепсияи мазкур дар сиёсати андози давлат тағйиротҳои муҳим амалӣ гардонда мешаванд. Аз ҷумла, ба ҷойи 22,5 фоиз ставкаи баландтарини андози даромади то ҳол амалкунанда ставкаи 12 фоиза ҷорӣ гардид, маблағҳои ҷудошудаи суғуртаи 8 фоиза бекор карда шуданд.
Ставкаи баланди пардохти ягонаи иҷтимоӣ аз 25 то 12 фоиз кам карда шуд.
Маблағҳои ҳатмӣ ба миқдори 3,2 фоиз ба Фонд­ҳои мақсадноки ғайрибуҷавии нафақа, роҳ ва таълим бекор карда шуданд.
Ставкаи пардохтҳои гумрукӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифта, миқдори боҷ бино бар қариб ба 3500 намуди молҳо, ставкаи андози аксизӣ бино бар қариб 800 номгӯи молҳо кам карда шуданд.
Аз ашёи хом, таҷҳизот ва техника, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд ва барои ташкили истеҳсолот оварда мешаванд, боҷҳои давлатӣ ситонда намешаванд.
Тафтишоти нақшавии фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ бекор карда шуданд. Талабот барои ба даст овардани 138 намудҳои литсензия ва ҳуҷҷатҳои характери рухсатдиҳанда содда гардонда шуда, 42-тои онҳо пурра бекор карда шуданд.
Ба мақсади барҳам додани монеаву саддҳо, зуҳуроти коррупсия ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои фаъолияти соҳибкорӣ тартиби ба воситаи савдои музоядаи электронӣ ҷорӣ карда шуд.
Барои кашида гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вайрон кардани мулки ғайриманқул то ба мулкдор пурра ҷуб­рон намудани зарар бекор карда шуд.
Ба тартиби пурра рӯёндани зарари молӣ, ки ба сармоягузорон ва соҳибкорон расонда шудаанд, кафолат дода шуд.
Инчунин, аз соли оянда аз пардохти андози даромад ва пардохти ягонаи андоз озод намудани соҳибкорон ҳангоми содироти маҳсулот, кор ва хидматрасонӣ ба назар гирифта мешавад.
Бино бар рушди босуръати сайёҳӣ, минбаъд баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, истифодаи самарабахши иқтидори сайёҳии минтақаҳо ва созмон додани ҷойҳои корӣ, ташаккул додани маҳсулоти нави миллии сайёҳӣ корҳои ба мақсади аниқ нигарондашуда идома доранд.
Ба рушди инфрасохтори меҳмонхона, соҳаи фароғат ва дигар самтҳои ба сайёҳӣ алоқаманд, 2 триллиону 300 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд, ки имконияти созмон додани ҳазорҳо ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад.
Ба ғайр аз ин, бино бар дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива ва дигар шаҳрҳо ташкил кардани меҳмонхонаҳои бренди машҳур чораҳо андешида мешаванд.
Мо дар соли оянда низ корҳоро бино бар ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намудани соҳибкории фаъол, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои сармоягузорон, коҳиш додани дараҷаи инфлятсия идома медиҳем.
Аз ҷумла, барои нигоҳ доштани дараҷаи инфлятсия дар доираи нишондиҳандаҳои пешгӯйӣ андешидани чораҳои зерин ба нақша гирифта шудааст.
Якум, мо бояд таҷрибаи ҷудо намудани вомҳои имтиёзнок ба корхонаҳои бузурги давлатиро, ки самарабахшиашон паст мебошад ва ба дараҷаи зарурӣ ҷойҳои нави кориро фароҳам оварда наметавонанд, аз нав дида бароем.
Соли 2019 мо зимни додани кредит бояд хеле боандеша рафтор кунем, то ки ба афзоиши харҷи буҷа ва маблағи Фонди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон роҳ надиҳем.
Дуввум, барои таъмини босуботи асъори миллӣ ва иқтисодиёт бояд дастгоҳҳои замонавии танзими сиёсати пулу кредитро татбиқ кард.
Сеюм, мо бояд истеҳсолгарони намудҳои асосии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар моли истеъмолиро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кунем ва ба ин васила суботнокии нархро таъмин кунем. Эътибори асосӣ ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ нигаронда мешавад.
Чорум, куллан таҷдиди назар намудани механизмҳои ташаккули нархи амволи молики аҳамияти стратегӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити озоди рақобат бо роҳи татбиқи тартиби фурӯши он комилан аз тариқи савдои биржа талаб карда мешавад.
Панҷум, барои баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии қишри заифи аҳолӣ мо бояд чорабиниҳои аз ҷониби давлат ҷуброн намудани қисми пардохтро барои истеъмоли электроэнергия, гази табиӣ ва хидмати коммуналӣ биандешем.
Шашум, бояд механизмҳои нарми ба тартиб андохтани нархро дар бобати содироти амволи истеъмолӣ, ки дар мамлакатамон истеҳсол намегарданд, татбиқ кард.
Ҳафтум, барои рушди маҷмӯии 27 шаҳр ва ноҳияи ҷумҳурӣ, ки дар вазъияти мураккаби иқтисодӣ қарор доранд, лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро дар навбати аввал дар минтақаҳои мазкур бояд татбиқ кард.
Бояд ошкоро эътироф кард: агар мо хоҳем, ки дар мамлакатамон иқтисодиёти босуботро барпо намоем, агар мисли ин ки дар давлатҳои мутараққӣ зиндагӣ мекунанд, бодавлат ва фараҳнок умр ба сар барем, ҳар чи қадар душвор ва мураккаб набошад, механизмҳои иқтисодиёти ҳақиқии бозаргониро татбиқ намоем ва инро на барои расмият, бо азоб, балки бисёр амиқ андешида ба амал орем.
Ин ягона роҳи дуруст аст. Ин талаби Қонуни асосии мост. Ин роҳи дигар надорад. Мо қатъан ислоҳоти оғознамударо идома медиҳем ва он албатта натиҷаи мусбӣ хоҳад бахшид.
Дар пеш роҳ мураккаб аст, аммо давлат тамоми чорабиниҳоро меандешад, ки машаққати одамонро сабук гардонад.
Боварӣ дорам, ки халқи меҳнатдӯст, чолок, ба ҳалли ҳар гуна вазифа қодири мо метавонад босамар меҳнат кунад ва дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ муносиб ҳаёт ба сар барад.
Дӯстони азиз!
Тавре ки шумо медонед, дар соли ҷорӣ аҳолии мамлакатамон аз 33 миллион нафар гузашт. Ин рақами хурд нест.
Мо бояд корҳоро дар бобати татбиқи ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон, аз он ҷумла ба шароити муносиби зиндагӣ, таълим ва тарбияи касбии ҷавонон, таъмини он бо кор ва манзил анҷом диҳем.
Дар Қонуни асосии мамлакат ҳуқуқи ҳар як шахс барои дарёфти хидмати малаканоки тиббӣ зикр гаштааст. Ба ҳаёт амалан татбиқ намудани ин нуктаи муҳим кафолати нигоҳдошти генофонди миллат, рушди давлат ва ҷамъият ба шумор меравад.
Дар натиҷаи ислоҳоти васеъ ва маҷмӯӣ умри миёна дар мамлакат аз 67 сол дар соли 1990 то 74 сол дар соли 2017 расид. Вафоти кӯдак се баробар кам гардид. Мо барои минбаъд беҳ гардидани ин нишондодҳо бояд кӯшиш намоем.
Дар мамлакатамон барномаҳои муҳими амалӣ қабул мегарданд, ки барои мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ нигаронда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳамин рӯзҳо бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Консепсияи рушди низоми тандурустӣ дар солҳои 2019-2025 қабул гардид.
Бинобар тақозои давр барои инкишофи муассисаҳои хусусии тиббӣ корҳои зиёд анҷом дода мешавад. Танҳо соли 2018 дар ҷумҳурӣ беш аз 400 чунин муассиса ба вуҷуд оварда шуд.
Ба таъбире, кӯдак аз гаҳвора тарбия меёбад. Аз ин рӯ ислоҳоти соҳаи таълим ва тарбияро мо аз ҳалқаи аввал – таълими томактабӣ шурӯъ намудем.
Барои қиёс як мисол овардан мехоҳам: дар ду соли охир миқдори боғчаҳои бачагона дар мамлакат ба 1400-то афзуд ва ҳоли ҳозир ба 6367-то расид.
Дар як соли охир кӯдакистонҳое, ки дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ду баробар зиёд гардида, имрӯз аллакай ба 568-то расидааст. Дар заминаи ташкили боз 1 ҳазор чунин муассисаи томактабӣ кори амалӣ оғоз ёфтааст.
Дар соли ҷорӣ кори назаррас дар бобати ислоҳоти низоми маорифи халқ, беҳсозии шароити меҳнати омӯзгорон ба амал татбиқ гардид. Музди меҳнати муаллимон давра ба давра афзуда, механизмҳои нави рағбатноксозии меҳнати онҳо ба амал татбиқ мегарданд.
Ислоҳоти зиёд дар низоми ҳалқаи оянда – таълими олӣ низ ба вуҷуд омад.
Дар ду соли охир дар мамлакат панҷ муассисаи таълими олӣ ва 12 филиали муассисаи таълими олии бонуфузи хориҷӣ ба вуҷуд оварда шуд.
Чи хеле ки ба шумо маълум аст, бо мақсади омодагӣ ва баланд бардоштани малакаи кадрҳо дар марказҳои таълимии бонуфузи хориҷӣ, ки барои мамлакат заруранд, фонди «Эл-юрт умиди» таъсис дода шуд.
Бояд эътироф кард, ки мо маҷбур ҳастем кадр­ҳои ҷавони ташаббускор, боистеъдодро аз рӯи тамоми самтҳои ногузир дар мамлакат дар хориҷа, дар мамлакатҳои тараққикарда тарбия намоем. Аз ин рӯ, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, муассисаҳои таълими олӣ, марказҳои илмии Ӯзбекистон бо фонди «Эл-юрт умиди» бояд босамар ва боҳамдастӣ кор барад.
Бинобар вазифаҳое, ки дар Стратегияи ҳаракат гузошта шудаанд ва инчунин пешниҳодоти шаҳрвандон, ки зимни мулоқот бо мардум расидаанд, дар ҷанбаи иҷтимоӣ мо бояд масъалаҳои муҳими зеринро ҳал намоем.
Якум, мувофиқатии модели ҳимояи иҷтимоие, ки дар Ӯзбекистон амал мекунад, ба стандартҳои ҷаҳонии эътирофгардида ва талаботи замонавӣ бояд таъмин карда шавад.
Бояд таъкид кард, ки дар мамлакатамон ба дастгирии ногироён, бесарпарастон, оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ заиф ва камтаъмин, аз ҷумла бо манзили арзон таъмин намудани онҳо эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Фақат дар соли ҷорӣ хонаҳои арзонро беш аз 21500 хонавода дарёфт намуд.
Ҳамзамон аз ҷумлаи шахсони ногиро дар соли ҷорӣ соҳиби қариб 30,5 ҳазор василаи протезу ортопедӣ ва маблағи реабилитатсия ба миқдори умумии 3,6 миллиард сӯм гардиданд. 16 ҳазор ногиро дар марказҳои реабилитатсионӣ муолиҷа гирифтанд, ки барои ин қариб 17 миллиард сӯм харҷ гардид.
Бешубҳа мо минбаъд низ муттасил ин кори хайрро идома медиҳем.
Яке аз масъалаҳои доғ татбиқи кафолати Қонуни асосӣ дар бобати ҳуқуқи муҳими иҷтимоӣ барои таъмини нафақа боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, аз соли 2019 миқдори ҳадди пардохти нафақа аз 8 то 10 ҳадди ақалли музди меҳнат афзуда, барои нафақагирони соҳиби кор нафақа дар ҳаҷми пурра пардохт хоҳад гардид.
Дуввум, дастгирии иҷтимоии ходимони тиб бояд пурзӯр карда шуда, барои меҳнат ва такомули низоми рағбатноксозии онҳо шароити муносиб ба вуҷуд оварда шавад.
Фикр мекунам, ҳоҷати гуфтан нест, ки меҳнати соҳиби касби шифокорӣ то чӣ андоза мураккаб буда, чӣ қадар заҳмати зиёд, иродаи қавӣ ва истодагариро тақозо менамояд.
Аммо саволе ба миён меояд: оё мо шароити дахлдорро барои кормандони тиб ба вуҷуд оварда тавонистем? Оё музди меҳнат ва шароити меҳнати онҳо ба мураккабӣ ва масъулияти онҳо мувофиқ аст? Мутаассифона, ин хел нест.
Аз 1-уми декабри соли ҷорӣ мо музди меҳнати онҳоро зиёд кардем, ки ин фақат қадами аввал аст. Минбаъд низ ходимони тиб – намояндагони касби аз ҳама пуршарафро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳем кард.
Дар оянда бо мақсади ба аҳолӣ хидмати кафолатноки тиббӣ расондан мо бояд низоми суғуртаи ҳатмии тиббиро ҷорӣ намоем.
Сеюм, бо назардошти таҷрибаи пешқадами тиббӣ стандартҳои таълим ва услуби таҳсил дар соҳаи маорифи халқ аз нуқтаи назари ифшо намудани хонандагони алоҳидаи боистеъдод бояд таҷдиди назар гардад.
Барои тасдиқи истеъдод ва зарфияти фарзандонамон аз синни кӯдакӣ ҳама имконотро ба вуҷуд оварда, барои рушди мутаносиби онҳо тамоми кӯшишро харҷ намуда, мо боз чунин шахсиятҳои бузург мисли Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек­ро тарбия менамоем. Ман ба ин комилан боварӣ дорам.
Чорум, дар бисёр ҳолатҳо коллеҷҳои касбу ҳунар, мутаассифона, ба муассисаҳои дипломдиҳӣ аз рӯи касбҳои нозарур табдил ёфтаанд.
Зимни сафар ба минтақаҳои мамлакат ман бештар кӯшиш мекунам, ки бо одамон суҳбат намоям. Шумо тааҷҷуб мекунед, аммо дар маҳалҳо тракторист ва механизаторҳои соҳибмалака намерасанд.
Соҳибони касби заминдорӣ ва ё миробро пайдо кардан мушкил аст. Дар бисёр ҳолатҳо зарур мегардад, ки дастпарварони коллеҷҳо дубора ба касби зарурӣ омӯзонда шаванд.
Пас таълими касбӣ куҷо шуд? Чаро бозори меҳнат омӯхта намешавад? Мутаассифона, касе ҷиддан бо ин савол машғул нагаштааст.
Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибати меҳнат бояд дар бобати пешгӯии талаби сектори воқеии иқтисодиёт ба кадрҳо камаш барои 10-15 соли оянда чорабиниҳо андешад ва бинобар ин нақшаҳо тарбияи онҳоро ба амал татбиқ намояд.
Панҷум, мо бояд бетаъхир дар бобати таъмини аҳолӣ бо кор ва кам намудани дараҷаи бекорӣ чораҳо андешем.
Саволе пеш меояд: дар мамлакати мо миқдори воқеии бекорон чӣ қадар аст? Чанд фоизи аҳолӣ дар сектори ғайрирасмӣ банд аст? Чӣ қадар ҳамватанони мо ба хориҷа дар ҷустуҷӯи кор рафтаанд?
Мо бояд донем, ки як нафар бекор – ин даҳ проблема аст. Агар зарари онро донистан хоҳем, ки он ба оила, маҳалла, ҷамъият расонда мешавад, шумо мебинед, ки ин масъала чӣ қадар тезу­тунд аст.
Дар доираи барномаҳои «Ҳар як оила – тадбиркор» ва «Ҷавонон – ояндаи мо», ки дар соли ҷорӣ қабул гардиданд, корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Ба аҳолӣ, хусусан ҷавонон бо мақсади дастгирии ташаббуси онҳо, ташкили тиҷорат имтиёзоти зиёд дода шудааст.
Мо ба онҳо дар соли оянда низ аз ҳар ҷиҳат ҳамдастӣ менамоем ва иҷрои ин барномаҳоро зери назорати ҷиддӣ мегирем.
На танҳо масъалаҳои иқтисодӣ, балки бис­ёр проблемаҳои иҷтимоиро ҳал карда метавонем, агар мо фаъолияти соҳибкорӣ, ташаббускории ҷавононро инкишоф диҳем, маблағи молиявии худро барои идора кардан ёрӣ диҳем.
Шашум, дар оянда мо корро дар бобати сохтмони иморатҳои арзон аз рӯи лоиҳаҳои нави намунавӣ дар деҳот ва иморатҳои бисёрҳуҷра дар шаҳрҳо такомул диҳем.
Аз минтақаҳои дурдаст ба Қабулхонаи виртуалӣ бисёр муроҷиат ва шикоятҳо дар бораи сифати ин иморатҳо мерасанд.
Бо назардошти талаб ва пешниҳодоти шаҳрвандон мо ба қарибӣ барномаеро қабул намудем, ки васеъ намудани миқёс ва беҳсозии сифати сохтмони манзилро барои қишри аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифи аҳолӣ пешбинӣ менамояд.
Роҳбарони идораҳои масъули иҷрои барномаи мазкур, бояд ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда аз рӯи виҷдон муносибат намоянд.
Ҳамватанони мӯҳтарам!
Дар ду соли охир 90 қонун ва беш аз 2 ҳазор фармон ва қарор, ки ба татбиқи ҳуқуқ ва озодии конститутсионӣ, беҳсозии шароити зисти шаҳрвандон, ҳаллу фасли масъалаҳои дар солҳои бисёр ғунгардида нигаронда шудааст, қабул гардиданд.
Бояд гуфт, ки 20 фоизи беш аз 13 ҳазор вазифае, ки дар ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи қонунгузорӣ муайян гаштааст, дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро нагаштааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Девони Вазирон ва роҳбарони чандин идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, ҳамчунин ҳокимиятҳо дар маҳалҳо ба масъалаи мазкур бемасъулиятона муносибат менамояд.
Мо бояд зуд миқдори маҷлисҳои нозарурро дар марказ ва дар маҳалҳо кам намоем, ки аз онҳо одамон аллакай хаста шудаанд ва бо кори амалӣ барои дастрасӣ ба натиҷаҳои мушаххас бояд машғул шуд.
Бинобар ин мақсад ва вазифаҳои ислоҳоти ҷории мо, фикр мекунам, ки вақти куллан таҷдиди назар намудани фаъолияти Девони Вазирон фаро расид, то ки он воқеан ба мақомоти олии ҳокимияти иҷроия табдил ёбад.
Таъкид кардан мехоҳам, ки дар ягон мамлакат ислоҳоти амиқи иҷтимоию иқтисодӣ осон ва зуд татбиқ нагаштааст.
Бояд ошкоро гуфт, ки ислоҳот табъи дили баъзе роҳбарон нест, ки ба таври кӯҳна фикр ва кор кардан одат кардаанд. Зеро тағйирот, бозсозӣ, бубинед, сукут ва ҳаёти ороми онҳоро халалдор мекунад.
Аммо ислоҳот талаби худи ҳаёт аст, онро боз­дошта намешавад. Ин ҳақиқатро роҳбарони тамоми дараҷаҳо амиқ бояд дарк намоянд.
Мӯҳтарам иштирокдорони маҷлис!
Маълум аст, ки ташкили назорати иҷрои қонунҳо ба ҷумлаи ваколатҳои конститутсионии Раиси Сенат ва Раиси Палатаи қонунгузорӣ дохил мегардад. Аммо, мутаассифона, мо дар фаъолияти парлумон дар ин самт тағйироти куллиро намебинем.
Дар соли ҷорӣ ба мақомоти давлатӣ ва шахсони соҳибмансаб Сенат ҳамагӣ 2 дархости парлумонӣ ва Палатаи қонунгузорӣ 3 чунин дархост­ро фиристодааст.
Мо дар ҷамъомадҳои парлумон шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти марказӣ ва минтақаҳоро дастовард меҳисобем. Аммо саволе пеш меояд: агар дар парлумон роҳбарон ҳисобот диҳанд, пас парлумон чӣ гуна қарор қабул намуд ва дар натиҷаи он барои иҷро фиристод? Оё нисбати вазир ва ё ҳокимоне, ки фаъолияташон ғайриқаноатбахш ҳисобида шудаанд, чорабиние андешида шуд?
Оқибат, мавқеи воқеии намояндагони халқ куҷо шуд?
Барои мисол ягон сенатор ва ё депутат ба роҳбарияти Вазорати молия ва ё Хидмати давлатии андоз дархост фиристод, ба ҳолати иҷрои Консепсияи такомули сиёсати андоз таваҷҷӯҳ зоҳир намуд?
Камбудии асосӣ – Маҷлиси Олӣ ҳанӯз арсаи мубоҳиса дар заминаи масъалаҳои муҳими рушди мамлакат нагардид.
Бинобар ин мувофиқи мақсад мешуморам, ки палатаҳои Маҷлиси Олӣ бо баррасии иҷрои қонунҳо ва шунидани ҳисоботи роҳбарон маҳдуд нагардида, ба таҷрибаи худ омӯзиши низомноки вазъи корро бевосита бо сафар намудан ба маҳалҳо ба таҳияи пешниҳодоти дахлдор ҷорӣ намоянд.
Дар навбати худ шаҳрвандон низ дахлдории худро ба ислоҳоти ҷорӣ бояд эҳсос намоянд. Фақат ҳамин тавр мо ба мақсадҳои гузош­та мерасем ва вазифаҳои дар пеш гузоштаро анҷом медиҳем.
Дар ин ҷараён нақши назорати ҷамъиятии пурзӯр ва таъсирбахш фавқулодда муҳим аст. Аз ин рӯ мо қарор намудем, ки соли оянда портали «Фикри ҷамъият»-ро ба вуҷуд орем.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар татбиқи назорати ҷамъиятӣ воситаҳои ахбори оммавӣ нақши муҳим доранд.
Ман ҳамеша фаъолияти онҳоро муоина мекунам. Мутаассифона, дар рӯзномаҳо, телевизион ва радио мақола ва барномаҳои танқидӣ дар бораи моҳияти ислоҳот, мушкилоте, ки бо иҷрои қонун ва қарорҳои қабулгардида алоқаманданд, бозрасӣ аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон – падидаи хеле кам аст.
Охир воситаҳои ахбори оммавӣ барои он вуҷуд доранд, ки ҳимоягари ҳақиқии манфиати халқ дар ҷараёни бозсозӣ бошанд. Барои ин онҳо бояд молики хусусиятҳои қатъият ва маҳорати касбӣ, холисӣ ва қодири таҳлили амиқ бошанд.
Бо мақсади баланд бардоштани натиҷагирии ислоҳоти ҷории куллӣ мо бояд вазифаҳои зеринро татбиқ намоем.
Аввал, дархостҳои парлумонии палатаҳои Маҷлиси Олӣ ва дар парламентҳо шунидани гузоришҳо бояд ба воситаи муқтадир табдил ёбанд, ки иҷрои қонун ва қарорҳо, самаранокии ислоҳотро таъмин намоянд.
Дуввум, мувофиқи мақсад мебуд, агар депутат ва сенаторҳо ба маҳалҳо рафта масъалаҳои нигаронкунандаи аҳолиро бонизом ва амиқ омӯхта, дар назди ҳукумат ва ҳокимиятҳо вазифаҳои марбутро гузошта, ҳалли онҳоро талаб намоянд ва ҳамчунин чорабиниҳои мушаххас­ро доир ба такомули қонунгузорӣ андешанд.
Сеюм, фикр мекунам вақти он фаро расидааст, ки аз таҷрибаи қабули ҳуҷҷатҳои зерқонун даст кашида, қонунҳои бевоситаи амалро қабул намоянд.
Барои мисол, ҳоло 8 қонун, 14 фармон ва беш аз 100 ҳуҷҷати зерқонун, ки муносибатро дар ҷанбаи сармояи хориҷӣ танзим менамоянд, амал мекунанд.
Аммо барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ муҳим нест, ки мо чӣ қадар фармон ва қарор қабул намудаем, балки фақат кори дуруст ва босамари тамоми сохтори ин соҳа муҳим аст.
Ман аз депутатҳои муҳтарам хоҳиш мекардам, ки ҳарчи бештар фаъолтар бошанд, ташаб­буси таҳияи лоиҳаҳои қонунҳоро ба дасти худ бигиранд. Онҳо набояд нозирони бегона бошанд, балки ташаббускор ва муаллифони қонунҳо бошанд. Маҳз интихобкунандагон, халқамон ҳаминро интизоранд.
Мо бетаъхир бояд рӯихати қонунҳоеро, ки аҳамияти худро гум кардаанд, тартиб диҳем ва қонунҳои мутаассири бевоситаро дар асоси омӯзиши амиқи таҳлилии мушкили мавҷуда бо назардошти таҷрибаи ҷаҳони имрӯз қабул намоем.
Чорум, таҳияи ҳар гуна қонун ва ё қарор таҳлили амиқи мушкилоти дар ин ё он соҳа мавҷуд, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, хулоса меҳнати бомашаққатро тақозо менамояд.
Набояд фаромӯш кунем, ки беҳсозии шароити ҳаёти халқ – мақсади ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ аст.
Ба таври замонавӣ расондани моҳият ва аҳамияти онҳо то иҷрогарон ва аҳолӣ, таъмини татбиқи бечунучарои онҳо ҳалқаи муҳим ба шумор меравад. Мо бояд нақши мақомоти адлияро дар ин масъала пурзӯр намоем.
Ҳамватанони азиз!
Ҳар гуна қонун ба ғайр аз пешниҳоди ҳуқуқи муайян, ба зимма ӯҳдадорӣ низ мегузорад.
Қонуни асосии мамлакатамон шаҳрвандонро ӯҳдадор месозад, ки конститутсия ва қонунҳоро риоя намуда, ҳуқуқ, озодӣ, шараф ва қадри дигар одамон эҳтиром гардад.
Ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ дар ҷамъият пеш аз ҳама аз муҳит ва тарбия вобаста аст.
Як мисол меорам. Дар шаҳри Калгарии Канада, ки дар он беш аз 1 миллион воситаи нақлиёт ҳаст, дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар садамаи роҳу нақлиёт 10 нафар ҳалок гаштааст.
Барои муқоиса, дар мамлакати мо, ки дар маҷмӯъ беш аз 2,5 миллион воҳиди нақлиёти автомобилӣ ҳаст, дар ҳамин давра дар роҳҳо беш аз 1600 одам ҳалок гаштааст. Магар ин фоҷиа, талафоти бузург нест?
Мо барои поймол намудани қоидаи ҳаракати роҳ масъулиятро баланд бардоштем. Аммо ин барои ҳалли проблема кифоя аст? Фикр мекунам, кифоя нест.
Сабабҳои чунин риоя нанамудани қоидаҳо бо масъалаи маданияти ҳуқуқ вобаста аст. То мо маданияти баланди ҳуқуқиро дар ҷамъият ташаккул надиҳем, ба чунин падидаҳо хотима гузошта наметавонем, поймолсозии қонун идома меёбад.
Эҳтиром нисбати қонун дар асоси шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии одамонамон тарбия меёбад. Агар дигар хел бигӯем, яке қонунро аз тарси ҷазо риоя кунад, дигаре қонунро ба туфайли тарбияе, ки дар бачагӣ гирифтааст, эҳтиром менамояд.
Аз ин рӯ мо дар навбати аввал бояд дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, дар масъалаҳои ҳуқуқ кори васеи фаҳмондадиҳӣ барем. Соддатар бигӯем, мо вазифадорем, ки фарзандонро аз кӯдакӣ чунон тарбия кунем, то бидонанд, чӣ мумкин, чӣ мумкин нест, ҳамзамон мо худ бояд барои онҳо намуна гардем.
Бешак, ба барномаи мактаб машғулот аз рӯи фанни «Ҳуқуқ» дохил аст, аммо он ба ном дарс дода мешавад, аҳамияти тарбиявии ҳуқуқ дар ҷои охир мемонад. Ташвиқоти низомноки ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ аз ҷониби идораҳои масъул ба таври бояду шояд роҳандозӣ нагаштааст.
Мо бояд дониши ҳуқуқии аҳолиро баланд бардорем, мазмуни қонунҳоро бо услуби босамар тарғиб намоем ва ҳамзамон аз имконоти муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, захираи интернет, адабиёт, санъат, муассисаҳои динӣ истифода намоем.
Мутаассифона баъзан мо дар бораи Қонуни Асосӣ танҳо вақте гап мезанем, ки то Рӯзи Конс­титутсия ҳамагӣ 10-15 рӯз боқӣ мондааст, бо вуҷуди он ки омӯзиши Конститутсия ва ғояҳои дар он таҷассумёфта бояд ҷараёни доимӣ бошад.
Шумо эҳтимол дар ёд доред, ки чандин сол пеш Маҷлиси Олӣ қарорро дар бораи омӯзиши васеъ ва тарғиби Конститутсия дар байни аҳолӣ қабул намуда буд.
Аммо дар давраи гузашта дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷамъиятамон тағйироти зиёд рух дод. Ин қарорро бояд нав кард, онро ба талаботи имрӯз мутобиқ бояд гардонд.
Хулоса, ҳар як моддаи Конститутсия бояд қоидаи ҳаёт, дастури амал бояд бошад. Барои ин мо бояд механизмҳои босамари омӯзиши бонизоми Қонуни Асосиро дар мактаб, мактабҳои таълими олӣ, маҳалла ва ҷамоаҳои меҳнатӣ ба вуҷуд оварем.
Бояд дар ҷамъият чунон маданияти ҳуқуқиро ташаккул дод, ки зимни он риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шараф ва қадри инсон на вазифа, балки қисми ҷудонопазири ҳаёти рӯзмарра гардад.
Умуман шаҳрвандони мо на фақат қонунҳоро вайрон накунанд, балки бояд дар риоя намудани онҳо манфиатдор бошанд.
Мехостам эътиборатонро боз ба як масъала ҷалб намоям.
Мутаассифона, ҷамъиятамон ҳанӯз пурра аз кайфияти тайёрхӯрӣ халос нагаштааст.
Ҳар яки мо бояд дарк намоем: барои хуб зистан, пеш аз ҳама хуб меҳнат кардан зарур ва ба ғайр аз фаҳмидани ҳуқуқ ва озодӣ, масъулияти худро амиқ эҳсос кардан зарур аст. Дар ҳаёт таҳким ёфтани ин принсипи муҳим танҳо аз худи мо вобастааст.
Мақсадҳоямон чӣ қадар баланд ва дастнорас набошанд, барои дарёфти онҳо тамоми имкониятро соҳибем. Дар ин роҳ манбаи неру ва қудратамон ин мероси ғании маънавӣ, зарфияти бун­ёдкоронаи халқамон мебошад.
Мо минбаъд низ, кӯшиши тамоми ҷамъиятро муттаҳид сохта, дониш, таҷриба ва захираҳоро барои таъмини ҳаёти фараҳноки мамлакат, ояндаи фарзандонамон равон мекунем.
Масъалаҳои пурзӯрсозии сулҳ ва субот, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, дастгирии ҳамаҷонибаи насли наврас дар кӯшишашон ба касби дониш ва касби замонавӣ, татбиқи маҳорат ва истеъдоди худ дар оянда низ дар маркази ислоҳотамон қарор хоҳанд гирифт.
Дар ҷанбаи сиёсати хориҷӣ мо алоқаҳои дӯс­тона ва ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо бо мамлакатҳои хориҷи дуру наздик, пеш аз ҳама бо ҳамсояҳо ҳифз менамоем ва инкишоф хоҳем дод.
Дар охир мехоҳам таъкид намоям:
насли аз ҳар ҷиҳат рушднамуда – асоси ояндаи бузург,
меҳнати бунёдкоронаи халқ – асоси фараҳнокии ҳаёт,
дӯстӣ ва ҳамкорӣ – кафолати гулгулшукуфӣ аст!
Аз фурсат истифода намуда, иҷозат бидиҳед, то ки сафирони мӯҳтарами давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқиро, ки имрӯз дар ин ҷамъомади тантанавӣ иштирок доранд, самимона хайрамақдам гӯям ва барои мамлакат ва халқҳои онҳо сулҳ ва фараҳмандиро таманно намоям.
Дӯстони азиз!
Ҳамватанони мӯҳтарам!
Бори дигар шуморо сидқан бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон табрик менамоям.
Бароятон, тамоми халқамон, тандурустӣ, бахт ва некӣ, тавфиқи нав ва омад таманно дорам.
Барои эътибор ташаккур.