Ҳусни инсон одоб аст

Ҳусни инсон одоб аст


Дар ҳар синф, ки чандин нафар хонандагони пешқадам ҳастанд, ба онҳо нигариста, дигарон ҳам ба хубу аълохонӣ мекӯшанд. Дар синфи 4-уми «Б»-и мактаби таълими умумии рақами 19, ки муаллима Гулчеҳра Юсуфова роҳбарӣ мекунад, 10 нафар хонанда мехонанд. Сардори синф Зайниддин Зайниев дар ҳама кор намунаи ибрат аст.
Вай фарзанди саввуми оила буда, ду апа дорад. Бобояш Тӯхтамурод Асадов, ки солҳои дароз омӯзгорӣ карда, ҳоло нафақахӯр аст, ба хониши набераҳо эътибори калон медиҳад. Зайниддин ҳам аз рӯйи маслиҳатҳои бобояш ба хондани китобҳои бадеӣ шавқу ҳаваси калоне дорад. Шеърҳои зиёдеро аз ёд медонад ва бо маҳорат мехонад.

Бобоям мегӯянд, ки ҳусни инсон одоб аст. Ахлоқу одоб аз хуб хондан, донистан мешавад. Барои ҳамин ҳам ман бедарсмонӣ ба мактаб меоям, дар дарсҳои муаллимаамон фаъолона иштирок менамоям ва вазифаҳоямро дар вақташ иҷро мекунам, — мегӯяд Зайниддин Зайниев.

Б.ҶУМЪАЕВ, 
ноҳияи Пастдарғам.