Таъмири мактаб хуб аст, вале…

Таъмири мактаб хуб аст, вале…

Маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нурободро аксарият ба шарофати қадамҷойи Ҳазрати Довуд мешиносанд. Солҳои охир ба ин ҷо на танҳо сокинони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон, балки аз хориҷа низ меҳмонони зиёде омада, онро зиёрат мекунанд. Маскани истироҳатӣ ва зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд дар оғӯши дараи хушманзараи поинтари ин маҳалла воқеъ аст.
Дар ин маҳалла қариб 4 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Деҳаҳои Уйруғул ва Тавоқбулоқ ҳам тобеи он аст. Дар ин маҳалла се мактаб, ду боғча, пункти ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолият мебарад. 4 сартарошхона, 15 дӯкони савдо ва ғайра ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар маҳалла иштирокчиёни Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ намондаанд. Фақат се нафар зарбдорони оқибгоҳи фронт ҳастанд, — гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Бахтиёр Расулов. – 60 нафар бо тадбиркорӣ машғуланд Онҳо ва фаъолони дигари маҳалла аз ҳоли 23 нафар ногирои маҳалла хабардор шуда, ба 17 оилаи камтаъмин ба қадри ҳол ёрӣ мерасонанд. Марди саховатпешаи маҳаллаамон Давлатбек Болибеков масҷид сохта истодааст. Як нафар ба бунёди боғчаи хусусӣ миён бастааст. Симҳои кӯҳнаи барқиро иваз карда, се трансформатори нав шинондем. Корҳои мекарда ҳоло бисёр аст. Хулоса, мо ба ободонии маҳалла ва ҳаёти тинҷу осоиштаи мардум кӯшиш мекунем.
Дар маҳалла ду мактаби таълими умумии рақамҳои 13 ва 65 фаъолият дошт. Бо сабабҳои гуногун мактаби рақами 65-ро бастанд. Дар як гӯшаи он бинои ёрии таъҷилии тиббӣ сохтанд. Дар қисми боқимондаи он ҳамчун филиали мактаби рақами 13 хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳсил доранд.

Дар мактаби мо 47 нафар омӯзгор кор мекунанд, — гуфт директори мактаби рақами 13 Амриддин Ҳакимов. – Солҳои охир таъминоти барқ беҳтар шуд. Вале дар зимистон синфхонаҳоро бо ангишту ҳезум гарм мекунем. Соли оянда таъмири мактаб ба нақша гирифта шудааст. Он гоҳ шароити хониши хонандагону дарсдиҳии омӯзгорон боз беҳтар мегардад.
Ба ақидаи директор дар мактаб мутахассисон мерасанд. Вале дар маҳалла боз қариб 15 нафар шахсони маълумоти олидор ҳастанд, ки ба кори мактаб ҷалб гарданд, айни муддао мешуд. Онҳо мактабҳои олии Тоҷикистонро тамом кардаанд, вале аз тарификатсия гузашта натавониста, сарсону саргардонанд. Борҳо ба Тошканд рафта омадаанд, вале бе натиҷа…

Ин мактабе, ки ҳоло хонандагон таҳсил доранд, таъмир шавад, нағз аст, — мегӯяд собиқадори таълими халқӣ, нафақахӯр Шодӣ Расулов. – Мактаб солҳои 1978-1980 бо роҳи ҳашар сохта шудааст. Мактаб дуқабата бошад, ки конструксияҳои оҳану бетонӣ надорад. Дар сохтмони он ҳар гуна хиштҳои шикаставу нимта истифода шудааст. Тарси мо аз он аст, ки ягон ҳодисаи нохуше сар занад, талафот нашавад. Масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки баъзе бачаҳо аз мавзеи Ҳазрати Довуд меоянд. Масофаи байни он ҷову мактаб 6,5-7 километрро ташкил мекунад. Ва ҳол он, ки аз рӯйи меъёрҳои тасдиқшуда мактаб бояд бачаҳои то масофаи 3-3,5 километр дурро фаро гирад. 30-40 нафар бачае, ки дар рӯзҳои гармову сармои сол ин қадар роҳро дар давоми 1,5-2 соат тай карда меоянд, чӣ хел дарс мехонанд ва ё диктанту иншо менависанд?!
Аз рӯйи гуфтаи фаъолони маҳалла аз нав сохтани мактаби рақами 65 дар нақша аст. Вале таъмири капиталии мактаб, сохтмони маркази маҳалла ва асфалтпӯш кардани 1 километр қисмати роҳи даромадгоҳи маҳаллаи Оқсой соли оянда ба ҷо оварда мешаванд.

Б.ҶУМЪАЕВ.