Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад


Дар мактаби таълими умумии рақами 14-и ноҳияи Самарқанд бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии Иттифоқи ҷавонони мактаб озмуни «Ҳамҷиҳатии байналмилалӣ» гузаронида шуд.
Дар тадбир, ки барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъана ва суннатҳои халқҳои дигар ташкил шуд, иштироккунандагон аз рӯйи панҷ шарт қувва озмуданд.
Хонандагон урфу одат, маданият ва сохтори таълимии давлатҳои Россия, Франсия, Германия, Миср, Япония, Хитой ва Ҳиндустонро бо баромадҳои саҳнавӣ нишон доданд.

Ӯзбекистон кишварест, ки дар он ҳамаи миллатҳо аҳлона зиндагӣ карда, мардум ба урфу одат ва анъанаҳои ҳамдигар бо эҳтиром муносибат мекунанд, — гуфт раиси ташкилоти бачагонаи “Камалак”-и ноҳия Б.Шарифов. – Гузаронидани чунин тадбирҳо барои ташаккули эҳсосоти ҳамҷиҳатии миллӣ ва дӯстиву рафоқат дар насли ҷавон хизмат мекунад. Вақте ки ҷавонон тифоқ шуданд, забти марраҳои нав ҳам осон мегардад.
Ҳайати доварон баромади иштирокчиёнро баҳогузорӣ карданд. Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ ҷойи олиро хонандагони синфи даҳуми “Б” гирифтанд. Ҷамоаи синфи 9 “А” ҷойи якум, хонандагони синфи 10 “А” ҷойи дуввум ва таҳсилгирандагони синфи 9 “Б” ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар анҷом ба ғолиб ва иштироккунандагони фаъол ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Содиқ САМИҶОНОВ,
сардори ташкилоти ибтидоии Иттифоқи ҷавонони мактаби таълими умумии рақами 14-и ноҳияи Самарқанд.