Акробатҳо қувва озмуданд

Акробатҳо қувва озмуданд

Рӯзи 19-уми декабр дар мактаби варзишии бачагон ва наврасони ба гимнас­тика ихтисосонидашудаи вилоят аз рӯйи акробатикаи спортӣ байни писару духтарони соли таваллудашон 2000-ум ва аз он хурд мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид.
Дар он аз Ҷумҳурияти Қароқалпоқис­тон, шаҳри Тошканд ва вилояти Самарқанд зиёда аз 120 нафар варзишгар иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, сардори Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят Ш.Рӯзиев ба сухан баромада, ба иштирокчиёни мусобиқа омад талабиданд.
Мувофиқи натиҷаи мусобиқа дар ҳисоби умумӣ ҷамоаи вилояти Самарқанд ҷойи якум, вакилони шаҳри Тошканд ҷойи дуюм ва варзишгарони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ғайр аз ин, иштирокчиёни Бозиҳои III олимпии тобистонаи наврасон, ки 6-18-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина гузаронида шуд, Николай Евдокимов ва Арина Юлушова машғулоти хонишӣ – мастер класс гузаронданд.