Поликлиникаи  оилавии замонавӣ

Поликлиникаи оилавии замонавӣ

ба фаъолият сар кард

Рӯзи 22-юми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд як қатор объектҳои иҷтимоӣ ба истифода супорида шуданд.
Дар тадбире, ки ба муносибати кушода шудани бинои нави поликлиникаи оилавии рақами 4-и шаҳри Самарқанд барпо шуд, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э.Турдимов сухан кард.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ дар доираи барномаҳои “Қишлоқи обод” ва “Маҳаллаи обод” 17 муассисаи табобатӣ-профилактикӣ ба истифода супорида шуданд. Инчунин дар асоси барномаи инвеститсионӣ 5 муассисаи табобатӣ-профилактикии шаҳри Самарқанд сохта шуда, корҳои бунёдкорӣ амалӣ гардиданд, ки яке аз онҳо поликлиникаи оилавии рақами 4 мебошад.
– Муассисаи мо дар соли 1954 чун поликлиникаи калонсолон ба фаъолият оғоз намудааст, — гуфт саршифокори муассиса Тӯлқин Сувонов. – Дар бинои кӯҳна барои хизмати зарурии тиббӣ шароит муҳайё набуд. Ҳоло дар муассисаи мо “Маслиҳатхонаи бонувон”, мутахассисони соҳибихтисос, шӯъбаҳои диагностикаи функсионалӣ ва лаборатория мавҷуд буда, ба 45 ҳазор нафар аҳолии 25 маҳаллаи шаҳр хизмат мерасонад.
Барои корҳои бунёдкории поликлиника, ки аз тарафи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Маъруф сервис қурилиш”-и шаҳри Самарқанд амалӣ гардид, аз буҷаи давлат 3 миллиарду 610 миллион сӯм маблағ сарф карда шуд. Барои бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин кардани муассиса 500 миллион сӯм пул ҷудо карданд.