Муолиҷаи  таъҷилии бемориҳо

Муолиҷаи таъҷилии бемориҳо

Дар шӯъбаи терапияи таъҷилии рақами 1-и филиали самарқандии Маркази илмии ёрии тиббиву таъҷилии ҷумҳуриявӣ бемориҳои дилу рагҳои хунгузар ва гипертония муолиҷа карда мешаванд. Дар он 35 адад ҷойи хоб барои беморон мавҷуд буда, ба онҳо 9 нафар шифокорони ботаҷриба, 20 нафар ҳамшира ва 12 нафар ходими хурди тиббӣ хизмат мерасонанд.

Мо асосан таъҷилан беморони гирифтори бемориҳои соҳаи дилу рагҳои хунгузар, инчунин, ҷигар, шуш ва ғайраро низ қабул мекунем. Беморони вазнин баъд аз 5 рӯзи муолиҷа ба беморхонаи вилоятӣ фиристода мешаванд, — гуфт мудири шӯъбаи терапияи таъҷилии рақами 1 Мӯъминҷон Рофеев. — Дар шӯъбаи мо кафедраи маълумоти баъдидипломии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд низ таҳти роҳбарии дотсент, номзади фанҳои тиббӣ Ирина Агабабян фаъолият дорад, ки баҳри пешравии соҳа хизмат мерасонад.

Ф.МУҲАММАДҶОН.