«Овози Самарқанд» –  ба ҳар хонадон

«Овози Самарқанд» – ба ҳар хонадон

Кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» чун дигар одамон Соли нави 2019-ро пешвоз гирифта, бо кайфияти солинавӣ ба кор омаданд, ки шумораи аввалини Соли навро тайёр кунанд. Соли 2018 барои мухлисону таҳририяти рӯзнома боз як санҷиши ҷиддӣ шуд. Аксарият ба таври ихтиёрӣ сурат гирифтани обуна сабаби ба таври назаррас кам гардидани адади нашри рӯзномаҳо, аз ҷумла «Овози Самарқанд» шуданашро пешгӯйӣ мекарданд. Баъзеашон ҳатто мегуфтанд, ки аз душвориҳои иқтисодӣ чопи бисёр рӯзномаҳо қатъ мегардад ва инро як амри воқеӣ медонистанд.
Хушбахтона ин тавр нашуд. Рӯзномаи «Овози Самарқанд» аз ин санҷиш ҳам гузашт. Агарчи адади нашри он нисбати солҳои пешина кам шуд, вале ҳама бовар карданд, ки рӯзномаи тоҷикӣ як узви ҷудонопазири ҳаёти вилоятамон шудааст.
Ҳайати таҳрири рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар соли гузашта, аз ҳама беш дар мавсими обуна дарк намуд, ки дар Самарқанд дар қатори дигар рӯзномаҳои вилоятӣ «Овози Самарқанд»-ро низ аввало муассиси он – Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва ҳокимияти вилоят, ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идора, ташкилот ва иттиҳодияҳо, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ, ҳомиён ва мухлисони дилсӯз ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Инак, дар соли 2019 шумораи аввалини он 2364 нусха чоп мешавад. Оё адади нашри рӯзномаи «Овози Самарқанд» аз ин зиёд шуда метавонист? Албатта. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки ин нишондиҳанда қариб ба 20000 расида буд. Дар солҳои душвори гузариш ба иқтисоди бозорӣ он кам шуд, вале бо баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ пайваста меафзояд. Сабаби кам шудани адади нашри рӯзномаҳо дар соли 2019 ақидаи «обуна маҷбурӣ не»-ро нодуруст фаҳмидани мухлисони рӯзномаҳо аст. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Ҳар самарқандие, ки хоҳиши ба «Овози Самарқанд» обуна шудан дорад, бе ҳеҷ монеа метавонад ба он нависонад ва сафи обуначиёнашро зиёд кунад. Солҳои пеш мухлисони рӯзномаи дӯстдоштаамон шиори «Овози Самарқанд – ба ҳар хонадон»-ро ба миён гузошта буданд. Ҳоло вақти боз ба ин шиор амал кардан расидааст.
Мухлисони рӯзнома метавонанд бо ин роҳ барои зиёд шудани адади нашри «Овози Самарқанд» ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Мирзо МАСЪУЛ.