Гул ба даст меравад

Гул ба даст меравад

Мутриб торафт овозашро баланд намуда, сурудро ба авҷ мерасонид. Ду раққосаи зебо мӯйҳои шабранги худро болои шона сар дода, дар тан либоси танги ҷилодор, атрофи мизи меҳмононро як-як давр мезаданд. Бо талаби ширакайфҳои тӯйхона болои сар ва паҳлӯи меҳмонон беҳаёёна як-як узвҳои баданашонро меҷунбониданд. Пас аз чида шудани «чипта» раққосаҳо ба давраи ҷавонписарон даромаданду мусобиқа сар шуд. Ҳар як ҷавон бо навбат маҳорати худро намоиш дода, ҳунарнамоӣ мекард. Ҳар замон ҳуштаккашӣ ва қиву чуви писарон баланд мешуд. Ҷавони ҳузарб бо чолокӣ раққосаро бо ду даст болои сар бардошта давр занонд. Мувозинатро гум карду раққоса болои фарш рӯболо афтид. Бо мадади ду нафар аз ҷо хеста, ба як курсӣ нишаст ва дигар ба давра надаромад.
Ба ҳоли ӯ раҳмам омад. Ин ҷавонзанҳоро дар тӯйҳо бо дастаи санъаткорони гуногун борҳо дидаам. Вақте раққосаеро мебинам, афсӯс мехӯрам, ки бо ин ҳусну ҷамол бонуи меҳрубони як оила, модари азизи фарзандони зебо, соҳиби касбу кори ба ҷамъият фоидаовар шуданашон мумкин буд. Аммо…
Раққосаи дигар бори саввум гирди мизи мардҳо давр мезад. Деворҳои тӯйхонаро ба ларза дароварда ҳофиз месароид:
Гул ба даст меравад,
Дасти ба даст меравад.
Дастаи пулҳои ҳазорӣ ба ҳаво пош мехӯрданд. Болои сари арӯсу домод ҳамчун кабӯтарони навбол болзанон оҳиста-оҳиста ба фарши толор мефаромаданд. Бачаҳо бо завқи пулчинӣ якдигарро тела дода, афтону хезон худро болои он мепартофтанд.
Падару амакҳо, тағою ҷӯраҳо то охири базм даста-даста пул мепошиданд.
…Ба дасти бо илтиҷо дароз кардаи мӯҳтоҷе бепарво нигоҳ карда ё норозиёна мегузарем. Пули андоз, қувваи барқ ва гази табииро саривақт намедиҳем. Барои ободонии маҳалла ёрӣ надода, сад баҳона пеш меорем…
Боз болои сари навҷавонон пулҳо ба рақс даромаданд. Ба ин пулҳо навхонадоронро ба якчанд номгӯй рӯзномаҳо обуна кардан ба ёди касе намеояд. Тӯҳфаи хеле хуб мебуд. Соли дароз аҳли оила манфиат мебурданд.
Аммо мо ҳамон пош медиҳем…

Комил ҶӮРАЗОДА